Исроил навори охирин лаҳзаҳои ҳаёти раҳбари Ҳамос Яҳё Синворро нашр кард.

Дар наворе, ки аз ҷониби артиши Исроил нашр шуд, дида мешавад, ки як ҳавопаймои бесарнишин ба як хонаи вайроншуда дар навори Ғазза медарояд. Дар дарун Синвори захмдор руй ва сарашро бо матое пӯшонда дар курсӣ менишаст.

Раҳбари Ҳамос кӯшиш мекунад, ки ҳавопаймои бесарнишинро бо чӯб занад.

Пас аз чанде, ба ин бино аз ҷониби нерӯҳои Исроил зарба зада шуд.

Синвор баъд аз қатли Исмоил Ҳания дар Теҳрон раиси ҷунбиши фаластинӣ интихоб шуд.
Нашри навори охирин лаҳзаҳои ҳаёти роҳбари Ҳамос

Комментарии

Комментариев нет.