то дунёи дил дорам,Маро дарё нахоҳад бурд,то дарёи дил дорам.Зи баднафсию пурхорӣбасо савдогаронмурданд,Зи ҳар савдо намемирам,ки ман савдои дилдорам.Ба рӯи хок ҳам бошам, базери хок ҳам бошам.Ниҳон ҳаргизнамегардам, ки манпайдои дил дорам.Васият менависад ин,шикоят менависад он,Ман аз ин ҳарду озодам,хати иншои дил дорам.Агар маъвои ман кӯчадзи рӯи хок зери хок,Ба қасди марг дар ҳарсинае маъвои дил дорам.Дар ин дунё, ки якдаъвои дил сад саддирад дорад,Ман аз номи ҳамасоҳибдилон даъвои дилдорам.Ҳама буҳтоннависонрокунам огоҳ пеш аз марг:Шумо имрӯз мемиред,ман фардои дил дорам...[1986]
LOIQ SHERALI
:Narzinov MuhaMMad
Маро дунё нахоҳад кушт,
то дунёи дил дорам,
Маро дарё нахоҳад бурд,
то дарёи дил дорам.
Зи баднафсию пурхорӣ
басо савдогарон
мурданд,
Зи ҳар савдо намемирам,
ки ман савдои дил
дорам.
Ба рӯи хок ҳам бошам, ба
зери хок ҳам бошам.
Ниҳон ҳаргиз
намегардам, ки ман
пайдои дил дорам.
Васият менависад ин,
шикоят менависад он,
Ман аз ин ҳарду озодам,
хати иншои дил дорам.
Агар маъвои ман кӯчад
зи рӯи хок зери хок,
Ба қасди марг дар ҳар
синае маъвои дил дорам.
Дар ин дунё, ки як
даъвои дил сад садди
рад дорад,
Ман аз номи ҳама
соҳибдилон даъвои дил
дорам.
Ҳама буҳтоннависонро
кунам огоҳ пеш аз марг:
Шумо имрӯз мемиред,
ман фардои дил дорам...
[1986]