Дар домани бахор

Андар дехи Мазор
Гулгунчаи таре,
Покизагавхаре
Бо абрувони сабз,
Бо ормони сабз
Берун зи хона шуд,
Мактаб равона шуд.
Ёдаш ба хайр бод
Он ишки кудаки.
Он ишки гумшуда
Чун шеъри Рудаки.
Мерафтам аз бараш
Бигрифта дафтараш.
Чашмам гирифта буд
Чил кокули тараш.
Руи бахор буд
Руи бахорияш.
Номаш Хумор буд,
Будам хуморияш.
Ёдаш ба хайр бод
Он ишки кудаки.
Он ишки гумшуда
Чун шеъри Рудаки.
Як рузи тирамох
Аз дил кашидам ох...
У куч басту рафт
Моро шикасту рафт.
Ёде ба тирамох
Аз он бахор монд.
Аз дех Хумор рафт,
Дар дил хумор монд.
Ёдаш ба хайр бод
Он ишки кудаки.
Он ишки гумшуда
Чун шеъри Рудаки.
Аз кучаи Мазор,
Бо ашки шашкатор
Моро надиду рафт,
Гуё париду рафт
Мисли кабутарак
Хамсоядухтарак.
Чил кокул аз кафо
Гуфтанд алвидоъ...
Ёдаш ба хайр бод
Он ишки кудаки,
Он ишки гумшуда
Чун шеъри Рудаки...
<<<3.12.1988>>>

Комментарии

Комментариев нет.