Ба пешвози иди модарони азиз!

Ту монанди замин танхои, модар,
Ту монанди замин яктои, модар.
Заминро хар кадар чун моли мероси
Миёни хам басо таксим карданд.
3аминро китъа-китъа хар кадар фарзандгони ту
Барои хамдигар такдим карданд.
Вале як руз донистанд-
Замин кисмат нахохад шуд.
Замину осмон,
Хуршеду мах
Мисли дили ту,
Мисли мехри ту
Миёни кудакон кисмат нахохаад шуд...
Чунон ки хар касеро зодгохе хаст,
Рахе, сарманзиле меодгохе хаст,
Вале бахри хама Модар-Ватан яктост,
Ту хам аз бахри мо мисли Ватан яктои, эй модар...
Замину осмон,
Хуршеду мах,
Модар-Ватан
Аз он азизастанд,
Ки бехамтову яктоянд.
Хар он чи беш аз якто бувад,
Чандон мукаддас нест.
Ту монанди замин танхои, модар!
Ту монанди замин яктои, модар!
(Устод Лоик)

Комментарии

Комментариев нет.