Комментарии
- 17 фев 2016 14:43жавид мАллоҳу акбар
- 21 мар 2016 08:55Ubaidullo MuhiddinovАЛЛАХУ АКБАР
- 18 июл 2016 17:38нурмухамад муминовБале Чихеле ки шумо кайд кардед дуруст аст ин боз медонен ки садакаи намойон хам ин чунин хуби дорад ки то дигарон хам мебинан ибрат мегиран уно хам пайрави хамун мешаванд
- 28 мая 2020 10:04💞💞💞 💞💞💞بهتَرِن مشاالله
Для того чтобы оставить комментарий, войдите или зарегистрируйтесь
{ Сухани Паёмбари Худоро Бишнав}
:Ahkomiddin aL-MaDaNi
Достони хеле аҷиб !!!
Инсони самоядоре дар шаҳре зиндагӣ мекард аммо ба ҳечкасе як танга ҳам кӯмак намекард
фарзанде ҳам надошт ва танҳо бо ҳамсараш зиндаги мекард ва дар муқобил қассобе дар он шаҳр ба ниёзмандону тангдастон гушти ройгон (бепул) медод рӯз ба рӯз нафрати мардум аз ин шахси сармоядор бештар мешуд, мардум ҳарчи ӯро
насиҳат мекарданд, ки ин молҳоятро барои чӣ касе ҷамаъ менамой!!?
Дар ҷавоб мегуфт: Ҳоҷати шумо ба ман ҳеч рабте надорад, рафта аз ҳамон қассоб бигиред.
Рузе ҳамон шахси сарватманд бемор шуд ва ҳечкасе ба иёдати ӯ нарафт ва дар ниҳояти танҳой ҷон дод ва ҳечкасе ҳозир нашуд, ки ба ташйиъи ҷанозаи ӯ
биравад ҳамсараш ба танҳой ӯро дафн кард аммо аз фардои он рӯз иттифоқи аҷибе дар шаҳр рухдод дигар қассоб ба касе гӯшти ройгон надод!!
К,ассоб гуфт: Касе ки пули гуштро медод
дируз аз дунё рафт!!
Бале бародарон!!
Набояд ба зудӣ қазоват кунем ва аз асли масъала бехабар ба каске гумони бад барем.
Садақаи сирри афзал ва беҳтар аст аз садақае ки намоён бошад. Дар ҳадисе омада аст, ки Паёмбар (с)
фармуданд: Ҳафт гуна одамоне мебошанд дар рӯзи қиёмат, ки Аллоҳи зулҷалол
онҳоро дар саяи аршаш нигоҳ медорад яке
аз ҳамонҳо шахсест, ки онгунае пинҳонӣ садақа мекунад, ки дасти чапаш аз
садақаи дасти росташ хабардор намешавад". (Бухорӣ ва Муслим).