Кюмарс ва авлоди у.

Комментарии

  • 7 мая 2013 08:31
    Аз кадимтарин ривоятхо ба мо маълум, ки инсонхо нахуст дар чангалхо мезистанд, ва хурокашон мевахои ёбоиву пушокашон барги дарахтон будаст
    Як вакте аз байнашон Кюмарс ном марде ба одамон шикори чонваронро ёд додаст.
    Кюмарс оини подшохиро ба чахон оварда ва нахуст подшох шудаст.
    Кюмарс пушоки баргини худро ба палангина табдил додаст, чуфт чуфт нигох доштани хайвонхои хонаги, унс гирифтани саги ёбои ба одам ва дигар чизхоро ба мардум ёд додаст. Лекин ба тахти у Ахреман деви бади рашк бурд, ва рохи душмани пеш гирифт. Дар окибати чанг бо девони Ахриман писари Кюмарс Сиёмаки чангнодида халок шудаст.
  • 7 мая 2013 08:47
    Хушанг

    Аз Сёмак писаре монда буд, Хушанг ном дошт, Кюмарси пир бисёр машваратхоро бо набераи худ мекард. Кюмарс лашкаре месозад, ва Хушангро солори лашкар таин мекунад, ва бар кини хуни писараш бо девон чанг мекунад, ва девонро маглуб месозад.
    Баъди вафоти Кюмарсшох ба тахт Хушанг мешинад.
    Дар вакти хукумдори Хушанг оташ пайдо шудаст, ва мардумон истифода бурдани оташро омухтанд.
  • 7 мая 2013 08:57
    Тахмурас

    Баъд аз Хушанг писараш Тахмурас подшох шуд. Дар замони вай аз пашми гуспанд либосвори, ва намад бофтанро ёд гирифтанд. Бо ин тарика аз  руи ривояти кадима дар подшохи Тахумарс хату савод падид омадаст.
    Баъд аз Тахмурас подшохи ба писараш Чамшед гузашт.
  • 7 мая 2013 09:08
    Чамшед

    У хукумдори гаюр ва тавоное буд, дар замони у мардум матоъбофи, либосдузи, иморатхо сохтанд, аз охан либосхои чанговари сохтан, ва асбобхои дехконию киштирониро ёд гирифтанд. Дар машваратхо бо бузургон Чамшед худро худо хонд, ва ин ба мардум маъкул номад.
    Заххок чун шунид, ки мардумон аз Чамшед руй гардонданд, ба касди гирифтани мамлакати у ба Эронзамин лашкар кашид.