13 июн 2017
Марде гуфт: Вақте ҳамсарамро интихоб кардам дар назарам тавре буд, ки гуё Худованд мислашро наофаридааст.
Вақте фотиҳа кардем, бисёреро дидам, ки монанди у буд. Вақте издивоҷ кардем, хелеҳоро аз у зеботар дидам. Вақте, ки чанд сол бо ҳам зиндаги кардем, дарёфтам, ки тамоми занҳо аз ҳамсарам зеботар ҳастанд. Шайх гуфт: Оё дуст дори бидони, ки аз ҳаммаи инҳо талхтару ногуворотар чист? Гуфт: Оре. Шайх гуфт: Агар бо тамоми занҳои дунё издивоҷ куни, эҳсос хоҳи кард, ки сагҳои кучаи шумо аз онҳо зеботаранд. Мард хандиду пурсид: Чаро чунин мегуи? Шайх гуфт: Чун мушкил дар ҳамсари ту нест, мушкил инҷост, ки вақте инсон қалбу чашмони тамаъкор дорад, ва аз Худованд шарм надошта бошад, маҳол аст, ки чашмонашро ба ҷуз хоки гур чизи дигаре сер кунад. Оё дуст дори ҳамсарат дубора зеботарин зани дунё гардад? Мард гуфт: Оре. Гуфт: Чашмонатро муҳофизат кун!
Ту боши дар дили зорам хамеша ,
Тамоми умр боши дар канорам ,
Шави дилдору дил бардор хамеша ,
Баъд зи аклу хуш кунад бегонаат ,
Ишк агар дар синаат ох, чой кунад ,
Аклатро саргаштаи расво кунад ,
Аз гаму андух дур созад маро ,
Ох, мехохам зи гам ёбам рахо ,
Ба по хезам равам ба харкучо ,
Худованд аз он зан ранҷида гардад.
Худованд шавад хушнуд аз он зан.
Агар шавҳар зи зан хандида гардад.
Каме муҳаббат
Каме садоқат
Каме бештар таваҷҷӯҳ
Ҳаминҳо барои ҳамсарат кофист...