Муҳаммад Мустафо дӯстдорӣ Уммат,

Муҳаммад Мустафо ғамхорӣ Уммат.
Барояш ҷону дил биспорем имрӯз,
Ки фардо ӯ бувад посдорӣ Уммат.
Гузашт умрат пайи армони Уммат,
Ҳама умр ҷустаи дармони Уммат.
Ва ҳатто вақти ҷондодан бихӯрдӣ,
Ғами ҷони худат не, ҷони Уммат.
Бирафтӣ ҳафт осмон баҳри Уммат,
Бичиди ҳарфи Қуръон баҳри Уммат.
Ба вақти қабзи ҷон гуфтӣ, Худоë,
Бикун ҷонкандан осон баҳри Уммат.
Бигуфти рози нестам аз ту Эзид,
Агар як умматам гардад ҷаҳаннам.
Мирам бар ту Расулаллоҳ , ки имрӯз,
Туро беш аз падар модар надонам.
Дилу ҷонам фидоят ë Муҳаммад(с)
Гузорам сар ба поят ë Муҳаммад(с)
Ту баҳри ман гузашти аз бари ҷон,
Чӣ кардам ман бароят ë Муҳаммад(с).

Комментарии

  • 21 фев 2020 08:20
    Аллохума сали ало  Мухаммад ва ало оли Мухаммад чонам фидоят ё Мухаммад:'(:'(:'(:'(