Падару модари дурӯғгӯ наметавонанд, ба воситаи ояту

ҳадис кӯдакро ростгӯ тарбия намоянд. Падару модари
бадахлоқ бо амали худашон бачаро бадахлоқ мегардонанд.
Кӯдак пеш аз он ки ба ҳарфу суханони мо таваҷҷуҳ кунад,
ба амалу рафтори мо диққат мекунад. Аз ин сабаб падару
модароне, ки талош доранд, фарзандашонро ислоҳу тарбия
намоянд, бояд қаблан муҳити хонаводаву робитаҳои
худашон ва ахлоқу рафтори хешро ислоҳ намоянд, то
фарзандашон низ боадабу солеҳ ва шоиста тарбият шавад.

Комментарии