Дар баёни хатои касоне, ки гумон доранд

ибодаташон зиёдтар аз гуноҳҳояшон аст
Баъзе аз мардум гумон доранд, ки ибодатҳояшон аз гуноҳҳояшон зиёд аст. Сарчашмаи ин гумонҳо ин аст, ки инсон амалҳои худро тафтиш намекунад ва ба гуноҳони худ аҳамият намедиҳад. Ибодатҳои кардаашро ҳисоб карда ба зеҳнаш месупорад, монанди касе ки дар шабонарӯз ҳазор бор тасбеҳ мегӯяд ва баъд ғайбати мусулмонҳоро мекунанд ва ё
забонашро ба ҳар он чӣ, ки Худо рози нест олуда мекунад. Ин шахс ба фазилати тасбеҳу зикр диққат мекунад аммо аз оқибати хатарноки дурӯғ, хабарчини ва дурӯягӣ бепарво аст.
Таъкид шудааст, нигоҳ доштани забон аз гуноҳ, беҳтар аз кушодани он ба тасбеҳ аст.

Комментарии

Комментариев нет.