Ҳар кас илмаш зиёд гардад аммо ҳидояташ зиёд нашавад дар пешгоҳи Худо ба ғайр аз дур шудан дигар чизе насибаш намешавад»

«Ва ба дурусти дар рӯзи
қиёмат дар миёни мардум азоби сахт ба олиме мерасад, ки илмаш дар пешгоҳи Худо ба ӯ фоида нарасондааст» Ва дар ин бора ҳадис бисёр аст.
Ин гурӯҳ мағрур ҳастанд ва аз ҳоли онҳо ба Худо паноҳ меҷӯем, дӯст доштани дунё, нафс ва роҳатхоҳии зудгузар бар онҳо ғалаба кардааст ва гумон мекунанд, ки дар охират илми бе амал онҳоро наҷот медиҳад.

Комментарии

Комментариев нет.