Як гурӯҳи олимони дигар соҳиби илму амали зоҳир шудаанд ва аз гуноҳҳои зоҳири дури кардаанд вале аз дилҳои худ ғофил

мондаанд ва дилҳои худро аз сифатҳое, ки дар пешгоҳи Худованд пасту нописанд аст пок накардаанд, монанди риёкори, ҳасад, шӯҳратхоҳи дар кишвар ва миёни бандагони
Худо, иродаи бад нисбати ҳамнавъон ва шарикон, раёсатхоҳи ва худкалонбини, ки ин худ фиребу ғурур аст. Сабабаш ғофил мондан аз фармудаҳои Расули Акрам -саллаллоҳу алайҳи
васаллам- аст: «Риё ширки хурд аст» «Ҳасад хубиҳоро мехӯрад чунон, ки оташ ҳезумро мехӯрад» «Дӯст доштани молу мақом (мансаб) дурӯягиро дар дил меруёнад чунон, ки об сабзаро мерӯёнад» Ин гурӯҳ аз фармудаи Худо ҳам ғофил мондаанд.

Комментарии