Як гурӯҳ олимони дигар дучори хусусияти нафсоние шудаанд, ки аз назари шариъат нописанд аст, вале ба сабаби худписанди гумон кардаанд, ки аз ин ахлоқи нописанд дур

ҳастанд. Ҳамчунин онҳо гумон мекунанд дар пешгоҳи Худо мақоми баланд доранд ва ҳар кас чунин мақоме дошта бошад, Худованд онҳоро аз ин ахлоқи нописанд нигоҳ медорад. Балки
ин ахлоқ фақат барои мардуми оммӣ аст. Ин гуна тасавуроти нораво бар онҳо соя афканда аст ва кибр, раёсатхоҳӣ, худкалонбинӣ ва шӯҳратхоҳӣ онҳоро фаро гирифтааст.
Сабаби ғурури ин гурӯҳ ин аст, ки гумон кардаанд ин ғурур не, балки обрӯи илм аст ва Худо динро нусрат медиҳад. Ғофил аз шодии Иблис! Ва фаромӯш кардаанд, ки Расули Худо - саллаллоҳу ъалайҳи васаллам--ро усваи ҳасанаи худ бигиранд ва он ҳазрат барои кӯр кардани чашми кофирон бисёр хоксор ва содда зиндагӣ мекарданд. Ҳамчунин аз хоксорӣ, фақр ва
зиндагии саҳобагон -раияллоҳу ъанҳум- ғофил мондаанд ба тавре, ки боре ҳазрати Умар –разияллоҳу ъанҳу- ба сабаби куҳнапӯшияш дар рафтани Шом аз тарафи баъзе мардум
сарзаниш шуд ва он ҳазрат дар ҷавоб гуфт: «Мо қавме ҳастем, ки Худованд бо ислом моро азиз гардонидааст ва обрӯйро дар ғайр аз ислом намеҷуем». Вале ин гурӯҳ обрӯи динро дар ҷомаҳои қимматбаҳо меҷӯянд ва онҳо ҳар кадом фикр мекунанд, ки дар роҳи обрӯмандии
илму дин ҳастанд. Аммо забонашон бар зидди ҳамнавъони худ ба кор меравад ва ё касе суханашро рад кунад ба худ ихтиёр медиҳанд, ки бар забонаш ҳарчӣ ояд бигӯянд ва фикр
намекунанд, ки ин худ ҳасад аст. Мегӯянд: «Ин хашм барои ҳаққ аст ва ин душманӣ барои радди ботил аст»

Комментарии