Содиқ Аҳмадӣ
2 авг 2024

📜 НОМА 📜

* Тарҷумаи нома:
Худовандро чунонки сазовор аст нашнохтанд, ҳангоме ки ҳокимоне ҷуз Ӯ ихтиёр карданд ва ба аҳкоме ҷуз аҳкоми Ӯ гардан ниҳоданд ва дар борааш чизе гуфтанд ки ба он донише надоштанд, ҳангоме ки гуфтанд: Худованд моро ба ин фармон додааст, дар ҳоле ки Худованд ба ширк фаромон намедиҳад, вале онон бар Ӯ дурӯғ бастаанд...
Роҳзанонӣ роҳи Худо мардумро аз китоби Худо ва халифаи Ӯ боздоштанд ва ба худ машғул карданд, чунонки кӯдакро аз пистони модар боз медоранд ва ба пситонак машғул мекунанд! Сипас паёмади ин роҳзанӣ он шуд ки мардум ба тақлид аз онон муътод шуданд ва дере нагузаш ки аз чолаи тақлид дар фуруъ, ба чоҳи тақлид дар усул дарафтоданд ва ононро бар охират ва дунёи хеш мусаллат сохтанд ва вилояташон бар хешро чунон вилояти Худованд гардан ниҳоданд ва ононро Худовандгороне ҷуз Худованд гирифтанд; Монанди Яҳудиён ки бо коҳинони хеш чунин карданд ва ононро дар фитрати Паёмбаронашон ба Худовандгорӣ гирифтанд ва чун Паёмбаре барои онон зуҳур мекард, ба ишораи онон ӯро такзиб мекарданд ё ба фатвои онон ӯро мекуштанд; Зеро ҳеҷ Паёмбаре барои онон зуҳур намекард, магар инки бар зидди коҳинонашон сухан мегуфт ва аз рӯӣ риёкориҳо ва хиёнатҳояшон парда бар мегирифт...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/1730/

Комментарии

Комментариев нет.