#ҳиҷоб

* Даҳ насиҳат барои хоҳаронам *
Яке аз Занони бузургвори Ислом вақте ки Духтарашро ба хонаи бахт мебурданд Ӯро чунин насиҳату васият намуд :
" Эй Духтарам васият ёдоварӣ аст барои Оқил ва кӯмаке аст барои Ғофил .
Бидон ки Занонро барои Мардон халқ кардаанд ва Мардонро ҳам барои Занон халқ намудаанд .
Пас Эй Духтарам агар дуст дори ки муъоширати байни Туву Шавҳарат давом ёбад Ту барои Ӯ нақши Канизро дошта бош то Ӯ Ғуломи Ту гардад ва Ту барои Ӯ Замин бош то Ӯ барои Ту Осмон гардад .
Ва барои ризои Ӯ даҳ хислатро ҳифз кун ки барои Ту захираи ъазим бошанд : "
1. Дар муқобили Шавҳарат фурутан бош .
2. Аз Вай итоъат намо .
3. Ҳар вақт чашмаш ба Ту нигоҳ мекунад огоҳ бош ки чашмаш бар қабеҳу зишти наяфтад .
4. Аз он ҷойҳое ки аз Ту бӯе ба Ӯ бирасад кӯшиш кун ки буйи баде ба Ӯ нарасад .
5. Бар вақтҳое ки гурусна мешавад огоҳ бош ки гурусна нагардад ва бар Ӯ гуруснаги ҳамлавар нашавад .
6. Аз вақтҳои хобаш ғафлат накун чун омадани хоб дар вақташ кудурату ғафлат ба бор меоварад .
7. Аз дороияш нигаҳдори кун ва асли ҳифз намудани мол аз ҳусни тадбир аст .
8. Аз Ҳайвоноту моликияташ ба хуби нигоҳдорӣ кун ва асли ҳифз намудани онҳо аз ҳусни тақдир аст .
9. Ҳаргиз асрорашро фош накун . Чун агар сирашрро фош куни сабрашро лабрез мекуни .
10. Дар ҳеҷ коре бо Ӯ мухолифат макун ( агарчи қонеъ ҳам нашавад ) . Чун агар бо У мухолифат бикуни аз интиқомаш дар амон нахоҳи буд .
" Баъд аз ин он Зан насиҳатҳояшро тамом кард ва дар хотима ба Духтараш гуфт :
" Ҳамеша дар муқобили Шавҳарат бо чеҳраи кушодаву хурсанд Худро нишон бидеҳ агарчи Ӯ маҳзуну нороҳат ҳам бошад ва зинҳор мабодо ҳузну андуҳатро нишон диҳи ҳарчанд Ӯ шодмон ҳам бошад ."
( " Туҳфат ул воъизин ", с. 142 - 145 )
⤵⤵ https://m.ok.ru/group/54865605230832

Комментарии

  • 1 янв 2020 06:06
    MASHA ALLOH
  • 23 авг 2021 05:31
    6. Аз вақтҳои хобаш ғафлат накун чун омадани хоб дар вақташ кудурату ғафлат ба бор меоварад .
    7. Аз дороияш нигаҳдори кун ва асли ҳифз намудани мол аз ҳусни тадбир аст .
    8. Аз Ҳайвоноту моликияташ ба хуби нигоҳдорӣ кун ва асли ҳифз намудани онҳо аз ҳусни тақдир аст .
    9. Ҳаргиз асрорашро фош накун . Чун агар сирашрро фош куни сабрашро лабрез мекуни .
    10. Дар ҳеҷ коре бо Ӯ мухолифат макун ( агарчи қонеъ ҳам нашавад ) . Чун агар бо У мухолифат бикуни аз интиқомаш дар амон нахоҳи буд .
    " Баъд аз ин он Зан насиҳатҳояшро тамом кард ва дар хотима ба Духтараш гуфт :
    " Ҳамеша дар муқобили Шавҳарат бо чеҳраи кушодаву хурсанд Худро нишон бидеҳ агарчи Ӯ маҳзуну нороҳат ҳам бошад ва зинҳор мабодо ҳузну андуҳатро нишон диҳи ҳарчанд Ӯ шодмон ҳам бошад ."

    ( " Туҳфат ул воъизин ", с. 142 - 145 )
  • 23 авг 2021 06:13