РӮЗҲОИ БЕҲТАРИНИ СОЛ

---------------
Фазли Худованд доим асту раҳматаш мустамир.
Аз фардо то даҳ рӯзи оянд рӯзҳои ғайриоддие дорем.
Ғафлат ва дурӣ аз зикру тоат дар ҳама рӯзҳои сол зишт, вале дар ин даҳ рӯз зишттар аст.
Ҳама соатҳои умри инсон азиз аст, вале мавсим агар ҳар андоза шарифтар бошад, қадр нанамудани он амалест қабеҳтар.
Мавсиме барои тиҷорати судманд ва айёме барои даво намудани дилҳои дардманд фардо фаро хоҳад расид.
Рӯзҳое барои канор гузоштани хоб ва фурсати тиллоие барои ба даст овардани савоб.
Фаслест чун навбаҳор ва сазовор барои бештар намудани зикру истиғфор.
Рӯзҳое, ки дар 360 рӯзи сол мислаш нест.
Яъне, аз фардо 30,06,2022 то 09,07,2022 (то рӯзи иди қурбон) мутобиқ ба 1- 10 и моҳи Зулҳиҷҷа аст, ки ин даҳи аввалаш бузургтарин рӯзҳои соланд.
Ба ибораи дигар, нуҳ рӯз қабл аз иди Қурбон, ки бо рӯзи иди Қурбон даҳ рӯзи комил мешавад.
Даҳ рӯзест, ки фазилаташ дар Қуръон ва аҳодис баён гашта аст.
Дар ҳадиси саҳеҳ омада:
“Ҳеҷ рӯзи сол дар шарафу бузургӣ ба даҳ рӯзи аввали Зулҳиҷҷа баробар нест. Амалҳои солеҳ дар ин даҳа назди Худованд чунон маҳбубияти хосса доранд, ки дар дигар рӯзҳои сол чунин нест. Ҳеҷ амали солеҳе бо амалҳои ин даҳа баробар шуда наметавонад.” (Ривояти Имом Бухорӣ)
Пас аз сипари шудани Рамазон Ӯ Таъоло боз бароямон чунин рӯзҳои шарафманде ато намуда аст, то агар дар Рамазон кутоҳие карда бошем, агар таассуфе доштему борҳо гуфтем, эй кош аз Рамазон ба шакли беҳтаре истифода менамудем...Мавлои Карим ин рӯзҳоро ба мо инъом намуда, то фурсати дигаре барои ба комёбиҳо расидан дар ихтиёр дошта бошем.
Амалҳое, ки шоиста аст дар ин даҳа ба он машғул шавем:
1- Тавба намудан аз ҳама кирдорҳои зишт;
2- Нигоҳ доштани забон аз ҳама навъи бадгӯиҳо;
3- Худдорӣ аз суханҳои беҳуда;
4- Тиловати Қуръон;
5- Намозҳои нафл бештар хондан;
6- Рӯзаи нафл гирифтан;
7- Қадри тавон забонро ба зикру тасбеҳ машғул сохтан;
8- Ба волидайн бештар меҳрубон будан;
9- Аз ҳоли хешон пурсон шудан;
10- Беморонро аёдат намудан;
11- Намозҳоро қадри тавон бо ҷамоат гузоридан;
12- Ба бенавоён дасти кумак дароз намудан;
13- Ятимонро шод намудан;
14- Илова бо тиловати Қуръон тафсирҳоро мутолиа намуда аз маънои Каломи Худованд огоҳӣ пайдо намудан;
15- Аҳкоми динро пурсон шуда омӯхтан;
16- Аҳкому одоби қурбониро суол намуда дониста гирифтан;
17- Бо хонадон тоатҳои дастаҷамъона (масалан якҷо қуръонхонӣ) анҷом додан;
18- Ба фарзандон достони ҳазрати Иброҳим ва Исмоилро нақл намуда аз рӯзгори онон ибратҳо омӯхтан.
Ва ғайра...
---
Орифон гуфтаанд: “Роҳҳои расидан ба Холиқ ба андозаи нафаси халоиқ аст.”
-------
Қазо рӯзгоре зи ман даррабуд,
Ки ҳар рӯзе аз вай, шаби қадр буд.
Ман он рӯзро қадр нашнохтам,
Бидонистам акнун, ки дарбохтам.
Дареғо, ки бигзашт умри азиз,
Бихоҳад гузашт ин даме чанд низ.
Кунун вақти тухм аст агар парвари,
Гар уммед дори, ки хирман бари.
---------------

Комментарии