ЗАН ЧИСТ?

-Ӯ ҳамонест, ки агар гиёҳе офарида мешуд, гул Агар парандае офарида мешуд товус буд. Агар ҳайвоне офарида мешуд, оҳу буд. Аммо ӯ инсон офарида шуд, дӯст, ҳамсар, бузургтарин неъмати ҳастии рӯи замин. Агар зан чизи боҳашамате намебуд Худованд ӯро ҳуре дар биҳишт намегардонид. Агар офариниши бузурге намебуд паёмбараш биҳиштро зери пои ӯ қарор намедод. Ӯ ҳамон касест, ки бо додани гуле хушнуд ва бо шунидани сухани хуш лабханд мезанад. Туфулаташ дарвозае барои биҳишти падарон аст, Сипас ӯ ҷавонест, ки дини ҳамсарро пурра мекунад, Сипас модарест, ки ҷаннат зери пои ӯст. Ӯ китобест, ки бобҳояш меҳр, муҳаббат ва меҳрубонист. Ӯ маркази меҳр ва мазҳари ишқ аст. Зебост, нахуст ӯ сипас гул. Аҷиб офаринише аст, чун хушҳол аст гиря мекунад ва вақте асабонӣ аст механдад. Ӯст, ки бо ба оғӯш гирифтанаш дили шикастаро илтиём ва бо бӯсиданаш дарди тифлро даво мебахшад. Унвони беҳмтоеро барояш интихоб мекунам. https://m.ok.ru/group/54865605230832

Комментарии

Комментариев нет.