дар талоши зиндагй!Аз барои ризқи пошидаба ҳар самти чаҳон!Он яке ошиқ шуду рафтаз қафои духтаре,Дигаре бигзашт аз ёрашба ҳукми дигарон.Занги охир бурд мороҳар қадар аз ҳам чудо,То ҳанўзам гиряи зангичудой дар дил аст.Баъд аз ин бо даъватизангўла ҳатто лаҳзае,Пеши мактабхона морочамъ кардан мушкиласт.Байти шогирдонаиёрест андар дафтарам,Сатрҳояш бебароруберадифу бечило.Ҳамчунон, ки ишқибайни мо нашудҳамқофия,Чун дили мо ки нашудбо ҳам қарину ҳамсадо.Дар сари паймонаи майдар сари дасторхон,Мо қасам хурдем дарроҳи садоқат бешумор.Ҳамчу чоми дастибадмасте қасамҳо ҳамшикаст,Шишаи холист аз онбазм бар ман ёдгор.Оҳ мехоҳам диламзангўлаи мактаб шавад,Чамъ созад дўстонрооварад пеши назар.Як нафас ёди чавонйбурдаву ҳасрат кунем,Бишмарем ожангҳоирўйҳои якдигар.То бубинам устодизиндагй дар тўли умр,Дар чабину рўюмўҳошон чиҳобинвиштааст.То бубинам дар рахудар чўяи ожангҳо,Деҳқони зиндагй аз худчи тухме киштааст.Оҳ, мехоҳам диламзангўлаи мактаб шавад,Созад аз дидори ёроничавонй шодмон.Гаштаю баргаштахонам чун китобихотирот,Сафҳаи пешониюхатҳои чини рўяшон.
Прошай Школа ! Хайр Мактаб
:На ПуТи АлЛаХа ЖИВУ БЕЗ СТРАХА оН
Дўстон рафтанд ҳар сў
дар талоши зиндагй!
Аз барои ризқи пошида
ба ҳар самти чаҳон!
Он яке ошиқ шуду рафт
аз қафои духтаре,
Дигаре бигзашт аз ёраш
ба ҳукми дигарон.
Занги охир бурд моро
ҳар қадар аз ҳам чудо,
То ҳанўзам гиряи занги
чудой дар дил аст.
Баъд аз ин бо даъвати
зангўла ҳатто лаҳзае,
Пеши мактабхона моро
чамъ кардан мушкил
аст.
Байти шогирдонаи
ёрест андар дафтарам,
Сатрҳояш бебарору
берадифу бечило.
Ҳамчунон, ки ишқи
байни мо нашуд
ҳамқофия,
Чун дили мо ки нашуд
бо ҳам қарину ҳамсадо.
Дар сари паймонаи май
дар сари дасторхон,
Мо қасам хурдем дар
роҳи садоқат бешумор.
Ҳамчу чоми дасти
бадмасте қасамҳо ҳам
шикаст,
Шишаи холист аз он
базм бар ман ёдгор.
Оҳ мехоҳам дилам
зангўлаи мактаб шавад,
Чамъ созад дўстонро
оварад пеши назар.
Як нафас ёди чавонй
бурдаву ҳасрат кунем,
Бишмарем ожангҳои
рўйҳои якдигар.
То бубинам устоди
зиндагй дар тўли умр,
Дар чабину рўю
мўҳошон чиҳо
бинвиштааст.
То бубинам дар раху
дар чўяи ожангҳо,
Деҳқони зиндагй аз худ
чи тухме киштааст.
Оҳ, мехоҳам дилам
зангўлаи мактаб шавад,
Созад аз дидори ёрони
чавонй шодмон.
Гаштаю баргашта
хонам чун китоби
хотирот,
Сафҳаи пешонию
хатҳои чини рўяшон.