Бад-он умед диҳам ҷон ки хоки кӯи ту бошамБа вақти субҳи қиёмат, ки сар аз хок барорамБа гуфтугӯи ту хезам ба ҷустуҷӯи ту бошамБа маҷмаае ки дароянд шоҳидони ду оламНазар ба сӯи ту дорам ғуломи рӯи ту бошамБа хобгоҳи адам гар ҳазор сол бихуспамЗи хоб оқибат огаҳ ба бӯи мӯи ту бошамҲадиси равза нагуям гули биҳишт набуямҶамоли ҳур наҷӯям давон ба сӯи ту бошамМайи биҳишт нанушам зи дасти соқии ризвонМаро ба бода чи ҳоҷат ки масти рӯи ту бошамҲазор бодия саҳл аст бо вуҷуди ту рафтанАгар хилоф кунам Саъдиё ба сӯи ту бошам{Саъдии Шерози}
рохнамо басуй хак
:اللهmuslim SAFAROVالله
Дар он нафас ки бимирам дар орзӯи ту бошам,
Бад-он умед диҳам ҷон ки хоки кӯи ту бошам
Ба вақти субҳи қиёмат, ки сар аз хок барорам
Ба гуфтугӯи ту хезам ба ҷустуҷӯи ту бошам
Ба маҷмаае ки дароянд шоҳидони ду олам
Назар ба сӯи ту дорам ғуломи рӯи ту бошам
Ба хобгоҳи адам гар ҳазор сол бихуспам
Зи хоб оқибат огаҳ ба бӯи мӯи ту бошам
Ҳадиси равза нагуям гули биҳишт набуям
Ҷамоли ҳур наҷӯям давон ба сӯи ту бошам
Майи биҳишт нанушам зи дасти соқии ризвон
Маро ба бода чи ҳоҷат ки масти рӯи ту бошам
Ҳазор бодия саҳл аст бо вуҷуди ту рафтан
Агар хилоф кунам Саъдиё ба сӯи ту бошам
{Саъдии Шерози}