Эй ҷони падар, зи ман хабар гир,

Танҳоӣ маро намуда дилгир.
Бемораму такя бар асоям,
Муҳтоҷи туям, зи дасти ман гир.
Фарзанди ҷигарбанд,
Ҷонам ба ту пайванд!
Ду дида ба роҳам,
Кай оӣ суроғам?
Ман дар ғами ту фитодам аз пой,
Дар хонаи худ надодиям ҷой.
Танҳо магузор ба нимароҳам,
Тарсам, ки туро бигирад оҳам.
Афгору хазону бемадорам
Бар ёрии ту ниёз дорам.
Бегона кунад маро навозиш,
Аммо ба ту эҳтиёҷ дорам.
Ҳарчанд ки нотавону пирам,
Магзор, ки ба хорӣ бимирам.
Эй он ки падар азоб додӣ,
Охирати худ барбод додӣ!

Эй ҷони падар, зи ман хабар гир,
 - 852869764374

Комментарии

Комментариев нет.