Барои таблиғи бомуваффақияти тиҷорат дар шабакаҳои иҷтимоӣ кушодани саҳифа ва нашр кардани маводҳои ҷолиб кофӣ нест.

Истифодаи барномаҳои муосир, ки барои пешбурди SMM равона шудаанд ва барои диққатҷалбкунанда шудани саҳифаи Шумо ва ҳамчунин омӯзиши омори он кӯмак мекунанд.
Мо 10 барномаро барои кормандони SMM пешниҳод мекунем, ки барои осон кардани корашон кӯмак мекунанд.
Keyhole
Keyhole барномаи ройгон буда таҳлили хештегҳо, калимаҳои калидӣ ва саҳифаҳоро пешниҳод менамояд. Он хэштегҳо ва калимаҳои калидӣ, шумораи кликҳо, паёмҳо, шумораи паҳнкардан ва ғайраро нишон медиҳад. Дар Тwitter, Instagram ва Facebook барнома ба шумо имкон медиҳад, ки омори ҷалби аудитория ва саҳифаи рақибонро пайгирӣ намоед.
HYPEAUDITOR
Боз як барномаи муфиди ройгони SMM, ки оморро дар саҳифа нишон медиҳад ва ба шумо дар интихоби мавзӯъ кӯмак мекунад. Он бо истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ кор мекунад, ки таҳлилро дақиқ ва нишондиҳанда омода месозад.
INSTAPLUS СЕРВИС
Барномаи бисёрфунксионалии SMM барои инстаграм. Он ба таври худкор маълумот барои таблиғ тавассути хештегҳо, ҷуғрофӣ ва муштариёнро ҷамъоварӣ мекунад.
MINTER
Таҳлили саҳифаи Instagram барои оҷонсиҳо ва корхонаҳо. Идоракунии якчанд саҳифаҳо, гурӯҳҳо, пайгирии рақибон, ҳисобот ва содироти маълумотро пешниҳод мекунад.
BUFFER
Барномаи муносиб барои ба нақшагирии нашри маводҳо. Ба шумо имкони тартиби рӯйхати маводҳои нашршаванда, хештегҳо ва пайвасти пайванд дар био бо якчанд суроғаҳо, идоракунии якчанд саҳифаҳо дар дохили як шабакаро медиҳад. Ҳамзамон, барнома шабакаҳои иҷтимоиро таҳлил намуда, ҳисоботро дар шакли графикӣ тартиб медиҳад ва омори ҳар як матлабро ба алоҳидагӣ нишон медиҳад.
PARASITE
Барномаи осон ва хуб барои банақшагирии постҳои мавқуфгузошташуда дар ҳама шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Барнома имкониятҳои васеъро барои SMM дар Instagram пешниҳод мекунад.
HOOTSUITE
Иртибот бо мизоҷон, тарғиби кори дастаҷамъона, банақшагирӣ матлабҳо тавассути барномаи Hootsuite имконпазир аст. Хизматрасонӣ тақвимро барои ҳамаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва нашри маводҳоро пешниҳод мекунад.
CANVA
Яке аз беҳтарин барномаҳо барои сохтани макетҳо, расмҳо, постерҳо, инфографика ва ғайра дар интернет аст. Версияи ройгони барнома дар ҳар як мавзӯъ, шумораи муайяни қолабҳоро пешниҳод мекунад.
PEXELS
Барнома аксҳои ройгони ғайриоддиро пешниҳод мекунад. Дар он бисёр аксҳои ҷолиб мавҷуданд, ки онҳоро дар нашрияи тиҷоратӣ низ метавон истифода бурд.
UNSPLASH
Боз як барномаи ройгон бо аксҳои ғайриоддӣ. Ҳатто дар он баъзан аксҳо аз рӯи мавзӯъҳо гурӯҳбандӣ карда шудаанд.

Комментарии