Google, Facebook ва дигар платформаҳои интернетӣ акнун бояд ба буҷаи Тоҷикистон 18% андоз аз арзиши иловашуда пардохт кунанд.

Ин чӣ андоз аст, аз кӣ ситонида мешавад ва барои корбарони оддии интернет чӣ тағйир хоҳад ёфт - дар маводи мо.
1. «Андоз аз Google» – чист?
«Андоз аз Google» – номи шартии андозбандии хизматрасониҳои электронии ширкатҳои хориҷӣ аст, ки дар кишвар намояндагии расмь надоранд. Бо забони оддӣ ин андоз аз арзиши иловашуда аст, ки аз хизматрасониҳои электронӣ ситонида мешавад.
2. Ин танҳо ба Google дахл дорад?
Не. «Андоз аз Google» ба ҳама ширкатҳои IT-и хориҷӣ татбиқ хоҳад шуд. Яъне шахсони хориҷӣ, ки мустақиман дар қаламрави Тоҷикистон хидматҳои электронӣ мерасонанд, андозсупорандагон эътироф карда мешаванд.
3. Кадом рӯйхати хизматрасониҳои электронӣ дохил карда шудааст?
Хизматрасониҳои электронӣ аз фурӯши китобҳои электронӣ ва дигар файлҳои медиавии электронӣ (мундариҷаи рақамӣ), интиқоли ҳуқуқҳо барои истифодаи барномаҳо, таблиғ, дастгирии сайт, нигоҳдорӣ ва коркарди иттилоот, омор, домен ва хостинг, дастрасӣ ба системаҳои ҷустуҷӯӣ, соҳаи IT ва ғайра иборатанд. Яъне ҳамаи ин хизматрасониҳое, ки тавассути Интернет пешниҳод карда мешаванд.
4. Барои истифодабарандагони интернет дар Тоҷикистон чӣ тағйир меёбад?
Ба истифодабарандагони интернет дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ надорад. Аз ҷониби мақомотҳои андоз аз истифодабарандагони интернет талаб карда намешавад, ки маблағи иловагӣ супоранд. «Андоз аз Google» андози ғайримустақим, ки ширкатҳои ғайрирезидентҳои хориҷӣ (ё агентҳои андоз) барои пешниҳоди хаизматрасониҳои электронӣ пардохт мекунанд.
5. Оё ин ба арзиши интернет дар кишвар таъсир хоҳад гузошт?
Не! Ин ба ҳеҷ ваҷҳ ба арзиши интернет дар кишвар таъсир намерасонад.
6. Оё ин андоз ба интернет-мағозаҳо дахл дорад?
Чӣ тавре ки дар тағиротҳо гуфта шудааст, агар интиқоли молҳои (корҳо ва хизматрасониҳои) фармоишӣ тариқи интернет бидуни истифодаи интернет тавассути нуқтаҳои гумрукӣ сурат гирад, пас ин хидмати электронӣ ҳисобида намешавад ва андозбандӣ намешавад. Яъне, агар мағозаи интернетӣ дар хориҷа, масалан, "молҳои ҷисмонӣ" мефурӯшад ва молҳо аз гумруки Тоҷикистон мегузаранд, пас "андози Google" ситонида намешавад - ҳамаи пардохтҳо ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ пардохта мешаванд.
«Андоз аз Google» ба интернет-мағозаҳои ватанӣ вобастагӣ надорад. Агар интернет-мағозаҳои ватанӣ дар мақомоти андоз ҳамчун шахсони ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта бошанд, пас онҳо тибқи ҳисоботи пешниҳодшуда андоз месупоранд.

Комментарии

  • 1 мар 2021 19:35
    Худо буген ки "Google"  ограничения достубда анамона точикистона ай интернетам мемонед факат яндекс дигар кор мекунен     
  • 1 мар 2021 20:55
    Бовар кунен  маноша нафахмидм и Чи гап боша