Дурӯғҳои ҳавоии “Бомдодком”!

Тавре ки ба хамагон маълум аст, шабакаи хабарии “Бомдодком” як сомонаи дуруғини сомонахои ичтимоӣ ба хисоб рафта, ҳар куҷое, ки сухан дар бораи Ҳукумат, сиёсати кишвар ва Роҳбари Олии тоҷикон равад, “гушҳояшро боз” гирифтагӣ барин мешавад. Ва барои паст задану як-ду туҳматро дар ҳаққашон бофтан ба афсонабозӣ мепардозад.
Ин гуна расонаҳои маккорро, агар роҳбараш Мирзои Салимпур бошад, ҳатман он ҷо ҳам туҳмат ва ҳам дурӯғ гуфта мешвад. Барои худро ба мардум, ҳамчун рӯзноманигор ва расонаашро ҳамчун пойгоҳи хабарӣ нишон додан, роҳбари расонаи мазкур хабархои сохтаву бофтаро интишор карда, аз номи кормандони ин ё он сохторҳои қудратӣ, ҳамчун “манбаъ” истифода мебарад. Мисоли рушани онро метавон, ҳангоми мутолиаи матлаби зерин, дарк намуд, ки он чунин ном дорад: “МАНОБЕЪ: НАҚШАИ БА РУСТАМ СУПОРИДАНИ КУРСИИ ПРЕЗИДЕНТ БОЗ БА ҚАФО АФТОД” ном дорад..
Барои рушан сохтани қазия, дар матлаб сухан оид ба Роҳбари олии кишвар ва Р. Эмомалӣ меравад, ки аз он ҳангома барпо карданист. Зеро дар он саҳифаҳои интернетие, ки таҳти супоришу дастурҳои ташкилот ва созмонҳои террористӣ, аз қабили собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ мавод ба табъ расад, ҳамин гуна як маводи таҳқиромезу беасос, чун матлаби болозикр ба нашр мерасад. Ин суханоне, ки дар он оварда шудааст, ин худ ба худ дуруғ аст, мантиқи устовор надорад ва хамааш беасос ва туҳмат ба шахсияти абармарди кишвар, чун Роҳбари давлат ва дигаре писари онҳо мебошанд. Агар ин ҳақиқат ҳам дошта бошад, ҳеҷ ба сари қудрат омадани муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳеҷ зиёне ба мардум намерасад. Чун дар тарбияи худи Пешвои миллати тоҷикон ҳастанд ва кореро хоҳанд анҷомид, ки ба манфиати миллат ва давлат ҳаст.
Тавре маълум аст, кормандони ин шабака ба ҷуз туҳмат задан ба шахсияти дигарон ва тахқиру паст задан ба номи неки онҳо, дигар кор надорад. Ва ин амали пасти худро, ҳамчун даромади муфти худ низ қарор додаанд. Баъди мутолиаи матлаби мазкур ҳис карда мешавад, ки ҳангоми сохтан ва бофтани он, Мирзо худро кадом як “таҳлилгар” ва ё “режисёр”-и филми мустанаде тасаввур кардааст, ки чунин ҳарфҳои обу тоб додаро паҳн сохтааст.
Ва ҳангоми дар нақши “бад” тасвир кардани шахсиятҳои обрӯманди кишвар ва доғдор кардани номи неки онҳо, гумон карда мешавад, ки чӣ қадар тахайюлотҳое, ки дар мағзи пучаш ҷой доштаро ба кор даровардааст.
Бояд қайд намуд, ки сомонаи “Бомдод.ком”-ро парасторашу пуштибонаш саркардаи наҳзатиҳо М.Кабирӣ мебошад. .
Дар охир ҳаминро мехостам қайд намоям, ки то ба кай мардуми моро дар давлатҳои Аврупоӣ (гурӯҳои бо ном “мухолифро”)истифода мебаранд? То ба кай онҳо аз номи мардуми тоҷик матлаб интишор мекунанд? Ҳамин худи Мирзо роҳбари ҳамон расонаест, ки дар вақти аз даст додани “аудиторияш” маҷбур шуд онро бибандад. Боз ҳамон амалро дар расонаи ҷадиди худ идома додан мехоҳад. Ба ин гуна суханҳои фитнагар, ки ягон асоси воқекӣ надорад, набояд бовар карду бо фиребу найранги онҳо дода шуд! Зеро ин гуна одамон, аллакай роҳи худашонро бо роҳи фиребу найранг ва миллатфурӯшӣ интихоб кардаанд, мо набояд роҳи касифи онҳоро интихоб кунем.
Шавкат Назриев

Комментарии

Комментариев нет.