Ба пуштибонӣ аз мақолаи Саворони аспҳои чубини Д.АтовуллоевАз мутолиаи маколаи “Савори аспҳои чубин”-и Додоҷон Атовуллоев, яке аз рӯзноманигорони шинохтаи кишварамон ба хулосае меоӣ, ки сабри эшон лабрез шудааст. Дигар тоқат намонааст. Худфиребӣ ва мардумфиребии бо ном мухолифини тоҷик дар симои Кабирӣ ва ҳизби террористиаш наҳзати исломӣ ба ҷони ҳама расидааст. Ҳама фаҳмиданд ва медонанд. Аммо онҳо, яъне Кабирӣ ва он чоплусаконашон худро ба нодониву нофаҳмӣ вонамуд намуда, аз худ ҳайкалтарошӣ намуда боз мехоҳанд мардум ба онҳо бовар намояд. Наход ягон нафаре пайдо нашавад, ки ба онҳо расонад, ки фоида надорад. Ба онҳо гӯяд, ки дуо кунед, ки Ҳукумати Тоҷикистон шумороҳам авф кунаду ба Тоҷикистон баргардед. Зиндагии осударо бинед ва дар Ватани худ гӯру чуб шавед.Д. Атовуллоев дурӯст қайд намудааст. То ба кай Аврупову Амрико мегуед ё аз ҷаласаҳои СММ ва САҲА ҳукумати Тоҷикистонро метарсонед. Бегонапарасти то ба кай? Магар мешавад, ки бо Аврупоиҳо ва Амрикоиҳо Ватанро обод кард. Чӣ магар Кабирӣ намедонад, ки чӣ гуна хориҷиҳо Миср, Ироқу Сурия, Ливия, Украина ва ҳамсоякишвари мо Афғонистонро обод карда истодаанд. Албатта медонад. Чуноне, ки дар боло гуфта гузаштем у худро ба нодонӣ задааст. Барои он, ки алакай пойбанди хориҷиҳо шудааст. Яъне ба хориҷиҳо фурӯхта шудааст. Ҳар он чи, ки онҳо гӯянд ҳамонро иҷро мекунанд.Ҳизби наҳзати исломии онҳо кайҳо фаромӯш шудааст. Дигар ҳеҷ кас аз шиорҳои исломӣ сухан намегӯяд. Шармандагӣ аз ин зиёд намешавад. Аҷоиб он аст, ки аз миллату Ватан маҳрум гаштанд, дину оин мазҳабро фурухтанд. Чӣ гуна шаб хоб мекарда бошанд. Ба ҳамаи ин ҷиноятҳояшон чӣ гуна ҷавоб медода бошанд.Дар ин маврид Д. Атовуллоев чунин қайд намудааст: Оппозитсия ба Аврупо кӯч баст, аммо ба гуфти худаш "урупоӣ" нагашт. Ҳамоне ки буд. Бо ҳамон ҷалу ҷул. Куртаю эзор нав шуду халос. Ҷои шакаробу қурутобро шаурма гирифт. Ба гуфти як Анҷела Девиси навруста, "о майн год"!Дуруст аст, агар наҳзатиҳо заррае ҳам аврупои мегаштанд фоидаи онҳо ҳади ақал ба наздиконашон ва шояд ба ҳамватанонашон мерасид. Онҳо дарк мекарданд, ки роҳи интихоб намудаашон хатост. Сенаторони Амрикову Аврупо ва ё намояндагони САҲА ба дарди онҳо даво шуда наметавонанд. Барои он, ки марудми Тоҷикистон бо онҳо нестанд. Аниктараш аз онҳо безор шудаанд.Д. Атовуллоев дар ҷойи дигар дили худро кафонда чунин дарҷ намудааст: Шояд ҳазор кас ҳазор сабаби нокомии муҷоҳиддинро пеш меоварад. Аммо ман як сабабро мебинам: онҳо натавонистанд МУҲАББАТИ МАРДУМ-ро ба даст оваранд. Худширинкунӣ ба амрикоиву аврупоӣ суде надорад, агар аспат аспи чӯбине бошад.Ман, як нафаре, ки тамоми умр дар мухолифат будам, аз чунин оппозитсия гурезон бошам, аз халқ чӣ гила?Бале то ба кай мардумро фиреб медиҳанд. Барои чӣ намегузоранд, ки мардум дар фазои осоишта умр ба сар баранд.Агар ҳар як шаҳрванд ба монанди Д.Атовуллоев садо бароранд ва мутаҳид шаванд, пайи Кабирӣ бо ном мухолифинаш ба ҳамешагӣ канда мешавад.Асрорбек Раҳимзод
Любойчи ТВ (ВИДЕО-гуруҳ)
Ончи аён аст ҳоҷат ба баён нест.
Ба пуштибонӣ аз мақолаи Саворони аспҳои чубини Д.Атовуллоев
Аз мутолиаи маколаи “Савори аспҳои чубин”-и Додоҷон Атовуллоев, яке аз рӯзноманигорони шинохтаи кишварамон ба хулосае меоӣ, ки сабри эшон лабрез шудааст. Дигар тоқат намонааст. Худфиребӣ ва мардумфиребии бо ном мухолифини тоҷик дар симои Кабирӣ ва ҳизби террористиаш наҳзати исломӣ ба ҷони ҳама расидааст. Ҳама фаҳмиданд ва медонанд. Аммо онҳо, яъне Кабирӣ ва он чоплусаконашон худро ба нодониву нофаҳмӣ вонамуд намуда, аз худ ҳайкалтарошӣ намуда боз мехоҳанд мардум ба онҳо бовар намояд. Наход ягон нафаре пайдо нашавад, ки ба онҳо расонад, ки фоида надорад. Ба онҳо гӯяд, ки дуо кунед, ки Ҳукумати Тоҷикистон шумороҳам авф кунаду ба Тоҷикистон баргардед. Зиндагии осударо бинед ва дар Ватани худ гӯру чуб шавед.
Д. Атовуллоев дурӯст қайд намудааст. То ба кай Аврупову Амрико мегуед ё аз ҷаласаҳои СММ ва САҲА ҳукумати Тоҷикистонро метарсонед. Бегонапарасти то ба кай? Магар мешавад, ки бо Аврупоиҳо ва Амрикоиҳо Ватанро обод кард. Чӣ магар Кабирӣ намедонад, ки чӣ гуна хориҷиҳо Миср, Ироқу Сурия, Ливия, Украина ва ҳамсоякишвари мо Афғонистонро обод карда истодаанд. Албатта медонад. Чуноне, ки дар боло гуфта гузаштем у худро ба нодонӣ задааст. Барои он, ки алакай пойбанди хориҷиҳо шудааст. Яъне ба хориҷиҳо фурӯхта шудааст. Ҳар он чи, ки онҳо гӯянд ҳамонро иҷро мекунанд.
Ҳизби наҳзати исломии онҳо кайҳо фаромӯш шудааст. Дигар ҳеҷ кас аз шиорҳои исломӣ сухан намегӯяд. Шармандагӣ аз ин зиёд намешавад. Аҷоиб он аст, ки аз миллату Ватан маҳрум гаштанд, дину оин мазҳабро фурухтанд. Чӣ гуна шаб хоб мекарда бошанд. Ба ҳамаи ин ҷиноятҳояшон чӣ гуна ҷавоб медода бошанд.
Дар ин маврид Д. Атовуллоев чунин қайд намудааст: Оппозитсия ба Аврупо кӯч баст, аммо ба гуфти худаш "урупоӣ" нагашт. Ҳамоне ки буд. Бо ҳамон ҷалу ҷул. Куртаю эзор нав шуду халос. Ҷои шакаробу қурутобро шаурма гирифт. Ба гуфти як Анҷела Девиси навруста, "о майн год"!
Дуруст аст, агар наҳзатиҳо заррае ҳам аврупои мегаштанд фоидаи онҳо ҳади ақал ба наздиконашон ва шояд ба ҳамватанонашон мерасид. Онҳо дарк мекарданд, ки роҳи интихоб намудаашон хатост. Сенаторони Амрикову Аврупо ва ё намояндагони САҲА ба дарди онҳо даво шуда наметавонанд. Барои он, ки марудми Тоҷикистон бо онҳо нестанд. Аниктараш аз онҳо безор шудаанд.
Д. Атовуллоев дар ҷойи дигар дили худро кафонда чунин дарҷ намудааст: Шояд ҳазор кас ҳазор сабаби нокомии муҷоҳиддинро пеш меоварад. Аммо ман як сабабро мебинам: онҳо натавонистанд МУҲАББАТИ МАРДУМ-ро ба даст оваранд. Худширинкунӣ ба амрикоиву аврупоӣ суде надорад, агар аспат аспи чӯбине бошад.
Ман, як нафаре, ки тамоми умр дар мухолифат будам, аз чунин оппозитсия гурезон бошам, аз халқ чӣ гила?
Бале то ба кай мардумро фиреб медиҳанд. Барои чӣ намегузоранд, ки мардум дар фазои осоишта умр ба сар баранд.
Агар ҳар як шаҳрванд ба монанди Д.Атовуллоев садо бароранд ва мутаҳид шаванд, пайи Кабирӣ бо ном мухолифинаш ба ҳамешагӣ канда мешавад.
Асрорбек Раҳимзод