Ҳикояе дар бораи Ҳорунаррашид

Оварданд, ки вақте Ҳорунаррашид хобе дид, ки дандонҳои ӯ рехта буд ва аз даҳон берун афтода. Аз муъаббирс пурсид.
Гуфт: «Зиндагии амиралмӯъминин дароз бод, ки ақрабои ту бимиранд». Ҳорун бағоят биранҷид ва бифармуд, ки ӯро сад чӯб бизананд ва муъаббири дигар ҳозир оваранд ва аз вай пурсид.
Ӯ гуфт: «Далел кунад, ки амиралмӯъмининро умр дароз хоҳад буд ва дар давлат ва хилофат беш аз ақрабо зиндагӣ ёбад».
Ҳорунаррашид хушдил шуд, гуфт: «Ҳамон чиз ҳақ аст, ки ӯ гуфт, валекин ин адаб нигоҳ дошт. Ва ба иборае хуб гуфт.
Пас, бифармуд, то ӯро сад динор бидоданд ва агарчи Таъбири ҳар ду касе як буд, аммо чун яке сухан беадабона гуфт, хуб адаб хӯрд...
(Муҳаммад Авфӣ)
Гуруҳи " Забон ва адабиёти тоҷик "

Комментарии

Комментариев нет.