Ҷанозаеро бар роҳе мебурданд.

Дарвеше бо писар бар сари
роҳ истода буданд. Писар аз падар пурсид, ки:
- Бобо, дар ин ҷо чист?
Гуфт:
- Одамӣ.
Гуфт:
- Куҷош мебаранд?
Гуфт:
- Ба ҷое, ки на хурданӣ бошаду на пушиданӣ, на нону на
об, на ҳезуму на оташ, на зар, на сим, на бурё, на гилем.
Гуфт:
- Бобо, магар ба хонаи мо мебарандаш?
У .Зоконӣ....Рисолаи Дилкушо

Комментарии

Комментариев нет.