АВВАЛ_АНДЕША_БАЪД_ГУФТОР.

Аз миёни анбӯҳи одамон пирмарде бо писараш, ки тахмин 25 сол дошт, бо илоҷе дохили вагон шуданд. Ҷавон, ки назди тиреза ҷой гирифта буд, баробари ба ҳаракат даромадани поезд, даст ба берун кард, то боди нарми баҳориро эҳсос намояд. Чун суръати қатора бошиддат баланд шудан гирифт, ҷавон якбора аз ҳаяҷон дод зад:
- Падарҷон, мебинед чӣ хел дарахтон ба қафо мераванд?
Пирмард бо табассум гӯё ба фарзанд ҷавоб дода бошад, ки дигар чизе нагуфт. Вале ҷуфте, ки онҳоро ҳамроҳӣ мекард, ба рафтори ҷавон бо тааҷҷуб менигаристанд. «Наход дар ин синну сол мисли кӯдак рафтор кунанд»,- аз дил мегузаронданд, онҳо.
- Падарҷон, нигоҳ кунед, кӯлу абрҳо, ҳатто ҳайвонҳо баробари мо медаванд, - боз ҳам баландтар фарёд зад ҷавон, ки ҳамчунон мафтуни тамошо буд.
Тааҷҷуби зану шавҳар якбора зиёд шуд. Барои чӣ мӯйсафед ба нағмаҳои нозебу кӯдаконаи фарзандаш эрод намегирад. Ақаллан, сарзанишаш намекунад, ки оромтар шинад...
Ногоҳ, борон борид ва қатрае чанд ба дасти ҷавонмард хӯрд. Аз ин ҳиссиёт ӯ ба ваҷд омад, ки чашмонашро пӯшид ва бо тамоми овоз фарёд зад:
- Падарҷон, борон меборад, борон. Бинед, қатраҳо дастони маро тар мекунанд, бинед, чи ҳиссиёти нотакроре, падарҷон…
Ҷуфти ҳамроҳ, ки аз афташ дилашон ба мӯйсафед сӯхт, ба ӯ наздиктар шуда, суол карданд:
- Барои чӣ писаратонро ба ягон беморхона ё, ақаллан, назди табибе барои маслиҳат намебаред, падар?
Пирмард, ки то ҳанӯз чашм аз «нағмаҳо»-и фарзанд намеканд, бо нигоҳи пурэҳсосе рӯ ба ҳамроҳонаш овард ва гуфт:
- Мо навакак аз беморхона баромадем. Баъди ҷарроҳии тӯлонӣ писарам, ки то имрӯз нобино буд, бори аввал дунёи рӯшанро мебинад… Ман аз номи ӯ аз шумо узр мепурсам.
✍️ Олами киссаҳо

АВВАЛ_АНДЕША_БАЪД_ГУФТОР. - 925128619600
АВВАЛ_АНДЕША_БАЪД_ГУФТОР. - 925128619856

Комментарии