.................................Каргасе мезист дар як лонае.Дар кавире,дар лаби вайронае.Лошахӯрӣ менамуди мурғи пир.Аз саҳар то шом дар гирди кавир.Зиндагонӣ баҳри ӯ душвор буд.З-ин сабаб шому саҳар бедор буд.Ҳолу рӯзаш бадтар аз ҳар рӯз буд.Қисматаш шӯру худаш бадрӯз буд.Дар набуди дигарон бадгӯй буд.Ҳозиринро ӯ хушомадгӯй буд.Дар дилаш бухлу фасоду кина буд.Мурдахӯронро амал ингуна буд.Бухлу кину бас одават доштӣ.Зишт гуфти, баскӣ одат доштӣ.Тарбият нодида будӣ, беадаб.Бепадар будӣ куҷо гири адаб.Ин сабаб будаст то пиру ҷавон.Руй гардонанд аз ин бадгумон.То набошад дар миёни дигарон.Ҳеҷ кас бо ӯ набиншасти ба хон.Каргаси бечораи аз худ ҷудо.Аз диёру кӯҳсори нокуҷо..Омада аз сарзамини ноаён.Кӯчманчӣ буд дар гирди ҷаҳон.Ҳеҷ мурғе тоб н-оварди варо.Каргасу аҷдоди ин бечораро.Баҳри ҳиҷрат каргасак омода буд.Умрро бар кучаи ғам дода буд.Фикр карду соате андеша кард.Аҳд басту роҳи ҳиҷрат пеша кард.То раҳо бошад зи ҳоли дар ба дар.Интихобаш буд ин роҳи сафар.Орзуро дар дилаш оғоз кард.Ҷониби мулки Аҷам парвоз кард.Дар замини файзбори "Тоҷикон".Лонае орост андар ин макон.Баҳри нону ризқу рӯзиву камин.Ӯ гадои кард баҳри худ замин.Дар ҳавои гулфишони беҳтарин.Ризқ пайдо менамуди з-ин замин.Бо уқобе рафту омад дошт ӯ.Бо ҳамин роҳе шаҳомат дошт ӯ.Ин баландпарвоз шоҳи беша буд.Ибтидои кори ӯ андеша буд.Таърихи бобову аҷдоди уқоб.Бас куҳан будаст ҳамчун офтоб.Гашта будӣ дигаронро ҳамчу шоҳ.Номдоре буд ҳатто рӯи моҳ.Бас саховатпеша буду пуршитоб.Ҳам садоқатпеша буди ин уқоб.Доимо бар каргасак карди мадад.Некиҳову хубиҳои беадад.Дар миёни ҳамнажоду ҳамватан.Каргасакро ҷой дода дар ватан.Хост то аҳли башар бар мурғи пир.Дӯст бошанду рафиқу дастгир.Инчунин созишҳоро пеша кард.Каргаси ғаммозро андеша кард.Боғу дашту киштзоронро уқоб.Аз тараҳҳум ҳадя карди пуршитоб.То биёбад рӯзии худ лошахӯр.Сар фуруд н-орад пеши мору мӯр.Каргасак баъди ҳама ин солу маҳ.Раста буд аз фақр,аз рӯзи сияҳ.Фахр карди каргаси пиру фақир.Аз рафоқат бо уқоби дилпазир.Баъди фақру хору зориву хасӣ.Каргасак ҷастӣ зи ҳоли бекасӣ.Дар барат гар шер бошад ҳамнишин.Мардумон гӯянд садҳо офарин.Бо чунин андешаву фикру хаёл.Каргасак мезист бо аҳлу аёл.Солҳо дар зери парҳои уқоб.Зиндагони кард дар рӯяш ниқоб.Насли худро ӯ ҳамедоди ривоҷ.Гашта буд озод аз боҷу хироҷ.Қавмҳо раҳму тараҳҳум карданаш.З-ин сабаб ёзида буди гарданаш.Баъди чандин солҳо дар ин макон.Бас ривоҷе ёфтанд ин каргасон.Буд набуду буд набуд будгор шуд.Наслҳои каргасак бисёр шуд.Каргаси пиру асогири кабуд.Тарбият нодода буди насли худ.Як мақоле буд дар даври куҳан.Кӯдаки ман мешавад монанди ман.Инчунин фарзандҳои каргасак.Мисли худ гардида буди нокасак.Бо тамаъ,чашмони худро дӯхтӣ.Ин ҳасодат синаҳоро сӯхтӣ.Тохти ин сарзамини нозро.Кафтару гунҷишку кабку бозро.Хонаи гунҷишкҳоро сӯхтӣ.Чашм бар номуси мардум дӯхтӣ.Карда гулшанро аҷаб вайронае.Хонаи мардумро ғамхонае.Тифлакони навраси пурнозро.Сайд карди тифли навпарвозро.Навҷавононро ба доми макри худ.Кушта буди аз ҷаҳолат,аз ҳасуд.Модарон дар сӯги инҳо сӯхтӣ.Синаро бо тори мижгон дӯхтӣ.Ашкҳои шашқатори модарон.Омади аз синаи захмиву ҷон.Сабр мекарди уқоби беназир.Ин амалҳоро зи сӯи он ҳақир.Каргаси паймонро нашнохта.Баста буд паймонҳои сохта.Лек баъди бастани аҳду қасам.Борҳо бишкаста буди ин қасам.Косаи сабри ҳама пиру ҷавон.Гашта буд лабрез аз кирдори он.Халқ аз кирдору рафторе чунин.Танг омад, берун омад аз камин.Бо шикоят аз барои инқилоб.Тӯда-тӯда рафтӣ, сӯи уқоб.Эй шаҳаншоҳи саодатпешагон.Бишнав аз мо қиссаи ҳампешагон.Солҳо раҳму тараҳҳум доштем.Каргасакро дӯст ҳам пиндоштем.Дасти ёрӣ карда будемаш дароз.Ҳам ману ҳам кабку ҳам тӯтиву боз.Ин чи исёнест дар ин сарзамин.Бадгумоне гашта моро ҳамнишин.Аз барои дӯстии ҷовидонЛонааш додем андар ин макон.Лек бингар каргаси маккорро.Нокаси бадҷинси бадрафторро.Косаи сабри ҷаҳон лабрез шуд.Ҳарфи миллат "қомату" "бархез" шуд.Бо аҷаб бархест аз ҷояш уқоб.Пар кушоди самти нури офтоб.Бо худаш андешаҳои беш кард.Сарзанишҳое ба номи хеш кард.Нон додам тӯдаи бадзотро.Санг зад ин миллати озодро.Бо худаш мегуфт ҳардам эй Худо.Ҷони ӯро мекунам аз тан ҷудо.Бо алам сӯи азизон тохтӣ.Лашкаре аз ҷамъи ёрон сохтӣ.Роҳ рафти самти мурғи гашта пир.Бо ғуруру бо виқоре ҳамчу тир.Рахши ғайратро ба сӯяш тохтӣ.Гуфт ҳоло ту маро нашнохтӣ.....!Ман диҳам хоки туро бар бодҳо.Бар фалак хоҳад расад фарёдҳо.Халқи манро бадгумонӣ хӯй нест.Миллати ман,миллати ҷан(г)ҷӯй нест.Инчунин гуфто уқоби дилрабо.Самти авлоди бахили бе Худо.Бо садо ларзонди ин бешаро.Хондӣ наздаш касофатпешаро.Каргаси бадхоҳ бо шӯру мағал.Омади берун аз тарси аҷал.Сар фуруд оварда буди бо шитоб.Пеши пойи лашкари хашми уқоб.Бо хитобе гуфт бархезу нигар.Ҳолу рӯзи модарони бе писар.Ин ҳама дарде,ки инҳоро расид.Бо тамоми миллатат хоҳи чашид.Хунбаҳои ҳар якеро боз деҳ.Ҷони худро сӯи мо парвоз деҳ .Нокасеро гар касе бахшида нон.Иштибоҳе буда андар ин ҷаҳон.Тарбият кардан нашуд бадзотро.Ин тиҳимағзи касофатзодро.Кӯр бодо чашми бадхоҳи ватан.Кушта хоҳи гашт бо дастони ман.Ин бугуфту лашкарашро дод зад.Бар ҳуҷуми қавми ӯ фарёд зад.Пора кардӣ ин касифи бешаро.Ин тамаъкори бади бадпешаро.Зери чанголи ҳазору як уқоб.Мурда буди каргаси пур изтироб.Лашкарашро дар ҳузураш хондӣ.Лошахӯронро зи мулкаш рондӣ.Дастҷамъу иттифоқу тан ба тан.Карда берун ҳар якеро аз ватан.Сарнавишти қавми мурғи бадгумон.Шӯр гашту зор гашти баҳри нон.Ҳар киро гар ҳаст рафторе чунон.Хор гардад дар миёни одамон.Боз гашти ин уқоби паҳлавонон.Назди халқу меҳани озодагон.Бо садои қаҳрамонӣ дод зад.Халқро бар сӯи худ фарёд зад.Эй азизони ману ин сарзамин.Бишнавед аз ман ду се панде чунин.Пос бояд дошт мушти хокроИн замину сарзамини покро.То абад қарзест андар гарданам.Хизмати модар ва халқу меҳанам.Ҷони худро дод бояд бар ватан.Чун шаҳиди хуфта андар ҷони ман.Бар азизони шаҳиди сарзамин.Бишнаведам,ҳарфи ман бошад чунин:Марди майдонат шаҳодат нӯш кард.Ин шаҳидонро Худо оғӯш кард.Шарт набвад ашк резӣ зор-зор.Модари ғамдидаи дилбеқарор.Кӯдакат мардест дар роҳи ватан.Ҳифз кардӣ номус аз он аҳриман.Пас ба рои рӯҳи он шери жаён.Даст бардору дуоятро бихон!Ғуссаро як сӯ гузору ноз кун.Дар гулистони ватан парвоз кун.Ҷойгоҳи қаҳрамонони ватан.Ҷаннати аълост,эй ҷонони ман.....Ҷуз дуои нек аз баҳри писар.Дигаре суде надорад эй падар.Хам мабодо қомати сарви падар.Кӯр бодо душманат ҷони писар.Мо ҳама имрӯз фарзанди туем.Модарам мо реша пайванди туем.Бадттарин дардест дарде бас шадид.Гар набоши миллати ман муттаҳид.Ҳамватан,бо ҳам мудоро пеша кун.Баҳри ҳифзи меҳанат андеша кун.!Ин бугуфто ин уқоби дилнишин.Охарин ҳарфаш ба мо бошад чунин:Халқи тоҷикро парешонӣ мабод !!!Иттиҳоду иттиҳоду иттиҳод...!!!🗓️ 20.09.2022.🏡 Saint Petersburg.✍️ Yousuf Yousufi
🌹🍃ОИНАИ ЗИНДАГИ БО НАСРИН🍃🌹
:🍃 ❀☪ Нαςթนн ☪ 🍃
ДОСТОНИ МУХТАСАРИ УҚОБИ АҶАМӢ ВА КАРГАСИ КӮЧМАНЧӢ.
.................................
Каргасе мезист дар як лонае.
Дар кавире,дар лаби вайронае.
Лошахӯрӣ менамуди мурғи пир.
Аз саҳар то шом дар гирди кавир.
Зиндагонӣ баҳри ӯ душвор буд.
З-ин сабаб шому саҳар бедор буд.
Ҳолу рӯзаш бадтар аз ҳар рӯз буд.
Қисматаш шӯру худаш бадрӯз буд.
Дар набуди дигарон бадгӯй буд.
Ҳозиринро ӯ хушомадгӯй буд.
Дар дилаш бухлу фасоду кина буд.
Мурдахӯронро амал ингуна буд.
Бухлу кину бас одават доштӣ.
Зишт гуфти, баскӣ одат доштӣ.
Тарбият нодида будӣ, беадаб.
Бепадар будӣ куҷо гири адаб.
Ин сабаб будаст то пиру ҷавон.
Руй гардонанд аз ин бадгумон.
То набошад дар миёни дигарон.
Ҳеҷ кас бо ӯ набиншасти ба хон.
Каргаси бечораи аз худ ҷудо.
Аз диёру кӯҳсори нокуҷо..
Омада аз сарзамини ноаён.
Кӯчманчӣ буд дар гирди ҷаҳон.
Ҳеҷ мурғе тоб н-оварди варо.
Каргасу аҷдоди ин бечораро.
Баҳри ҳиҷрат каргасак омода буд.
Умрро бар кучаи ғам дода буд.
Фикр карду соате андеша кард.
Аҳд басту роҳи ҳиҷрат пеша кард.
То раҳо бошад зи ҳоли дар ба дар.
Интихобаш буд ин роҳи сафар.
Орзуро дар дилаш оғоз кард.
Ҷониби мулки Аҷам парвоз кард.
Дар замини файзбори "Тоҷикон".
Лонае орост андар ин макон.
Баҳри нону ризқу рӯзиву камин.
Ӯ гадои кард баҳри худ замин.
Дар ҳавои гулфишони беҳтарин.
Ризқ пайдо менамуди з-ин замин.
Бо уқобе рафту омад дошт ӯ.
Бо ҳамин роҳе шаҳомат дошт ӯ.
Ин баландпарвоз шоҳи беша буд.
Ибтидои кори ӯ андеша буд.
Таърихи бобову аҷдоди уқоб.
Бас куҳан будаст ҳамчун офтоб.
Гашта будӣ дигаронро ҳамчу шоҳ.
Номдоре буд ҳатто рӯи моҳ.
Бас саховатпеша буду пуршитоб.
Ҳам садоқатпеша буди ин уқоб.
Доимо бар каргасак карди мадад.
Некиҳову хубиҳои беадад.
Дар миёни ҳамнажоду ҳамватан.
Каргасакро ҷой дода дар ватан.
Хост то аҳли башар бар мурғи пир.
Дӯст бошанду рафиқу дастгир.
Инчунин созишҳоро пеша кард.
Каргаси ғаммозро андеша кард.
Боғу дашту киштзоронро уқоб.
Аз тараҳҳум ҳадя карди пуршитоб.
То биёбад рӯзии худ лошахӯр.
Сар фуруд н-орад пеши мору мӯр.
Каргасак баъди ҳама ин солу маҳ.
Раста буд аз фақр,аз рӯзи сияҳ.
Фахр карди каргаси пиру фақир.
Аз рафоқат бо уқоби дилпазир.
Баъди фақру хору зориву хасӣ.
Каргасак ҷастӣ зи ҳоли бекасӣ.
Дар барат гар шер бошад ҳамнишин.
Мардумон гӯянд садҳо офарин.
Бо чунин андешаву фикру хаёл.
Каргасак мезист бо аҳлу аёл.
Солҳо дар зери парҳои уқоб.
Зиндагони кард дар рӯяш ниқоб.
Насли худро ӯ ҳамедоди ривоҷ.
Гашта буд озод аз боҷу хироҷ.
Қавмҳо раҳму тараҳҳум карданаш.
З-ин сабаб ёзида буди гарданаш.
Баъди чандин солҳо дар ин макон.
Бас ривоҷе ёфтанд ин каргасон.
Буд набуду буд набуд будгор шуд.
Наслҳои каргасак бисёр шуд.
Каргаси пиру асогири кабуд.
Тарбият нодода буди насли худ.
Як мақоле буд дар даври куҳан.
Кӯдаки ман мешавад монанди ман.
Инчунин фарзандҳои каргасак.
Мисли худ гардида буди нокасак.
Бо тамаъ,чашмони худро дӯхтӣ.
Ин ҳасодат синаҳоро сӯхтӣ.
Тохти ин сарзамини нозро.
Кафтару гунҷишку кабку бозро.
Хонаи гунҷишкҳоро сӯхтӣ.
Чашм бар номуси мардум дӯхтӣ.
Карда гулшанро аҷаб вайронае.
Хонаи мардумро ғамхонае.
Тифлакони навраси пурнозро.
Сайд карди тифли навпарвозро.
Навҷавононро ба доми макри худ.
Кушта буди аз ҷаҳолат,аз ҳасуд.
Модарон дар сӯги инҳо сӯхтӣ.
Синаро бо тори мижгон дӯхтӣ.
Ашкҳои шашқатори модарон.
Омади аз синаи захмиву ҷон.
Сабр мекарди уқоби беназир.
Ин амалҳоро зи сӯи он ҳақир.
Каргаси паймонро нашнохта.
Баста буд паймонҳои сохта.
Лек баъди бастани аҳду қасам.
Борҳо бишкаста буди ин қасам.
Косаи сабри ҳама пиру ҷавон.
Гашта буд лабрез аз кирдори он.
Халқ аз кирдору рафторе чунин.
Танг омад, берун омад аз камин.
Бо шикоят аз барои инқилоб.
Тӯда-тӯда рафтӣ, сӯи уқоб.
Эй шаҳаншоҳи саодатпешагон.
Бишнав аз мо қиссаи ҳампешагон.
Солҳо раҳму тараҳҳум доштем.
Каргасакро дӯст ҳам пиндоштем.
Дасти ёрӣ карда будемаш дароз.
Ҳам ману ҳам кабку ҳам тӯтиву боз.
Ин чи исёнест дар ин сарзамин.
Бадгумоне гашта моро ҳамнишин.
Аз барои дӯстии ҷовидон
Лонааш додем андар ин макон.
Лек бингар каргаси маккорро.
Нокаси бадҷинси бадрафторро.
Косаи сабри ҷаҳон лабрез шуд.
Ҳарфи миллат "қомату" "бархез" шуд.
Бо аҷаб бархест аз ҷояш уқоб.
Пар кушоди самти нури офтоб.
Бо худаш андешаҳои беш кард.
Сарзанишҳое ба номи хеш кард.
Нон додам тӯдаи бадзотро.
Санг зад ин миллати озодро.
Бо худаш мегуфт ҳардам эй Худо.
Ҷони ӯро мекунам аз тан ҷудо.
Бо алам сӯи азизон тохтӣ.
Лашкаре аз ҷамъи ёрон сохтӣ.
Роҳ рафти самти мурғи гашта пир.
Бо ғуруру бо виқоре ҳамчу тир.
Рахши ғайратро ба сӯяш тохтӣ.
Гуфт ҳоло ту маро нашнохтӣ.....!
Ман диҳам хоки туро бар бодҳо.
Бар фалак хоҳад расад фарёдҳо.
Халқи манро бадгумонӣ хӯй нест.
Миллати ман,миллати ҷан(г)ҷӯй нест.
Инчунин гуфто уқоби дилрабо.
Самти авлоди бахили бе Худо.
Бо садо ларзонди ин бешаро.
Хондӣ наздаш касофатпешаро.
Каргаси бадхоҳ бо шӯру мағал.
Омади берун аз тарси аҷал.
Сар фуруд оварда буди бо шитоб.
Пеши пойи лашкари хашми уқоб.
Бо хитобе гуфт бархезу нигар.
Ҳолу рӯзи модарони бе писар.
Ин ҳама дарде,ки инҳоро расид.
Бо тамоми миллатат хоҳи чашид.
Хунбаҳои ҳар якеро боз деҳ.
Ҷони худро сӯи мо парвоз деҳ .
Нокасеро гар касе бахшида нон.
Иштибоҳе буда андар ин ҷаҳон.
Тарбият кардан нашуд бадзотро.
Ин тиҳимағзи касофатзодро.
Кӯр бодо чашми бадхоҳи ватан.
Кушта хоҳи гашт бо дастони ман.
Ин бугуфту лашкарашро дод зад.
Бар ҳуҷуми қавми ӯ фарёд зад.
Пора кардӣ ин касифи бешаро.
Ин тамаъкори бади бадпешаро.
Зери чанголи ҳазору як уқоб.
Мурда буди каргаси пур изтироб.
Лашкарашро дар ҳузураш хондӣ.
Лошахӯронро зи мулкаш рондӣ.
Дастҷамъу иттифоқу тан ба тан.
Карда берун ҳар якеро аз ватан.
Сарнавишти қавми мурғи бадгумон.
Шӯр гашту зор гашти баҳри нон.
Ҳар киро гар ҳаст рафторе чунон.
Хор гардад дар миёни одамон.
Боз гашти ин уқоби паҳлавонон.
Назди халқу меҳани озодагон.
Бо садои қаҳрамонӣ дод зад.
Халқро бар сӯи худ фарёд зад.
Эй азизони ману ин сарзамин.
Бишнавед аз ман ду се панде чунин.
Пос бояд дошт мушти хокро
Ин замину сарзамини покро.
То абад қарзест андар гарданам.
Хизмати модар ва халқу меҳанам.
Ҷони худро дод бояд бар ватан.
Чун шаҳиди хуфта андар ҷони ман.
Бар азизони шаҳиди сарзамин.
Бишнаведам,ҳарфи ман бошад чунин:
Марди майдонат шаҳодат нӯш кард.
Ин шаҳидонро Худо оғӯш кард.
Шарт набвад ашк резӣ зор-зор.
Модари ғамдидаи дилбеқарор.
Кӯдакат мардест дар роҳи ватан.
Ҳифз кардӣ номус аз он аҳриман.
Пас ба рои рӯҳи он шери жаён.
Даст бардору дуоятро бихон!
Ғуссаро як сӯ гузору ноз кун.
Дар гулистони ватан парвоз кун.
Ҷойгоҳи қаҳрамонони ватан.
Ҷаннати аълост,эй ҷонони ман.....
Ҷуз дуои нек аз баҳри писар.
Дигаре суде надорад эй падар.
Хам мабодо қомати сарви падар.
Кӯр бодо душманат ҷони писар.
Мо ҳама имрӯз фарзанди туем.
Модарам мо реша пайванди туем.
Бадттарин дардест дарде бас шадид.
Гар набоши миллати ман муттаҳид.
Ҳамватан,бо ҳам мудоро пеша кун.
Баҳри ҳифзи меҳанат андеша кун.!
Ин бугуфто ин уқоби дилнишин.
Охарин ҳарфаш ба мо бошад чунин:
Халқи тоҷикро парешонӣ мабод !!!
Иттиҳоду иттиҳоду иттиҳод...!!!
🗓️ 20.09.2022.
🏡 Saint Petersburg.
✍️ Yousuf Yousufi