Ман худам, боз худам, баҳри худам, дӯсту ҳабибам ҳамин.

Аз дилам дида, ки дар хонаи ёр аст, қарибам ҳамин.
Ҷуз худам кист, маро, ишқи маро, ашки маро мефаҳмад?
Ман худам душмани хешам, санохони рақибам ҳамин.
Оҷилан роҳ бигирам ба шифохона зи дарди дили худ
Охирин чорагари дарди зиёдеву табибам ҳамин.
Гарчи ёр рафту гирифт роҳи хиёнат чӣ илоҷ?
Буд андӯҳу алам, фоҷеахое ба насибам ҳамин.
Ҳар куҷо рафтаму дидам, ки касе нест шиноси дили ман,
Як мухочиру панохандаи эҳсоси ғарибам ҳамин.
Гоҳ ман баҳри худам душману бегонаву дурам, вале
Ман худам, боз худам, баҳри худам дӯсту ҳабибам ҳамин.
АНИСА МАНОНОВА
17.10.22

Ман худам, боз худам, баҳри худам,  дӯсту ҳабибам ҳамин. - 962527552080

Комментарии

Комментариев нет.