ТАСМИМ

Аз шикоят фирор бояд кард,
Шукри Парвардигор бояд кард.
Ҳар нафасро азиз бояд дошт,
Ҳар қадамро шумор бояд кард.
Аз адоват канора бояд ҷуст,
Дӯстиро шиор бояд кард.
Аз дурӯғу гуноҳу аз тақсир,
Тавбаи бешумор бояд кард.
Нафсро кушт бояд аз ҳар сӯ,
Фикри халқу диёр бояд кард.
Ҷои ҳою ҳавас, нафас ба нафас,
Ишқро ихтиёр бояд кард.
Дар зимистон шукуфтан оғозид,
Дар хазон ҳам баҳор бояд кард.
Дар гулистони назм Бедилвор,
Сайди маънӣ шикор бояд кард.
Қаҳрамониву худситоӣ чист?
Аз ҳунар ифтиxор бояд кард.
Қасри ҳиммат баланд бояд сохт,
Нав ба нав ибтикор бояд кард.
Баҳри ободии Ватан, ҳар тан
Дилу ҷонро нисор бояд кард.
14.04.2024
Илҳом Насафӣ

Комментарии

Комментариев нет.