ОСМОН БОРОНИСТ

МУАЛЛИФ ...ҲОРУНИ РОЪУН...
Қафасам тангу дилам тӯфонист,
Абрҳо дар баданам зиндонист.
Нест чатре, ки паноҳам бошад,
Осмон боронист, осмон боронист.
☔☔☔☔☔☔☔☔☔☔☔☔☔☔☔
Аз чӣ ангушт гирифтӣ ба дар,
Ҳамагӣ медонанд, ҳамагӣ мехонанд.
Матни сармояи манро, ки фақат як дил буд,
Ва ту ғорат кардӣ.
Доғи расвоии ишқат, гули ин пешонист,
Осмон боронист, осмон боронист.
☔☔☔☔☔☔☔☔☔☔☔☔☔☔☔☔☔☔
Ноумедӣ камаке душвор аст,
Хона аз ашки фалак безор аст.
Новадон ҳанҷараи девор аст,
Кӣ ба овози тараш мегӯяд!
Чакаке, чакаке хонаи мо дар садади вайронист,
Осмон боронист, осмон боронист.
☔☔☔☔☔☔☔☔☔☔☔☔☔☔☔☔☔☔
Гиря дорад ба дарун гоми дилам,
Новадон замзамаи охири худро…
Ба шикебоии таҳдор супурд,
Ларза дар қомати девор давид.
Дастак аз ҷой уфтод,
Хона аз пой уфтод.
Вой афсӯс, афсӯс,
Баъд аз ин манзили ман, бешаи саргардонист,
Осмон боронист, осмон боронист....

Комментарии

Комментариев нет.