Вақте ки Хотами Той аз дунё рафт, бародараш хост ҷойи ӯро бигирад.

Ҳотам саройе сохта буд, ки ҳафтод дар дошт.Ҳар касе аз ҳар даре ки мехост ворид мешуд ва аз ӯ чизе талаб мекард ва Ҳотам ато мекард. Бародараш хост дар он макон биншинад ва худро мисли Ҳотам нишон бидиҳад.
Модараш гуфт: Ту наметавони ҷойи бародаратро бигири, беҳуда худро ба заҳмат майандоз!!
Бародари Ҳотам тавҷеҳ накард. Модараш барои исботи ҳарфаш, либоси кӯҳнае пушид ва ба таври ношинос назди писараш омад ва чизе хост, вақте гирифт аз дари дигаре руҷӯъ кард ва боз чизе талабид. Бародари Ҳотам гуфт: ин охарин чизи гирифтаат бошад...
Чун модараш ин бор аз дари саввум боз омад ва чизе талаб кард, бародари Ҳотам бо асабоният ва фарёд гуфт: Ту ду бор гирифти ва боз ҳам мехоҳӣ? Аҷаб гадои пуррӯй ҳастӣ!
Модараш чеҳраи худро ошкор кард ва гуфт:
-Нагуфтам ту Ҳотам шуда наметавони?
Ман як рӯз ҳафтод бор аз бародарат ба ҳамин шакл чизе хостам ва ӯ ҳар боре бо чеҳраи хандон бароям чизеро медод.
Бузургон сохта намешаванд зода мешаванд!
@все

Комментарии