☀️⛅️☀️⛅️☀️⛅️☀️⛅️☀️⛅️☀️⛅️☀️⛅️☀️⛅️

САЛОМ ЭЙ СУБҲ ....!
Зи ҳисори шаб раҳидам, ба саҳар салом гӯям,
Гули субҳи нав шамидам, ба саҳар салом гӯям.
Бидарид пардаи шаб, бишукуфт хандаи субҳ,
Рухи офтоб дидам, ба саҳар салом гӯям.
Зи шикофи дар садои қадами сапедадамро ,
Чу ба гӯши дил шунидам, ба саҳар салом гӯям.
Ба дилам ҳазор матлаб зи паси сипоҳи хуршед
Чу нигоҳ пар кашидам, ба саҳар салом гӯям.
Шафақи ситораи субҳ гули сурхи осмон аст,
Чу ба шавқ аз он бичидам, ба саҳар салом гӯям.
Ба сипоси лутфи Яздон гули шукр мефиристам,
Чу ба рӯзи нав расидам, ба саҳар салом гӯям...(?)
🌸☀️🌸☀️🌸☀️🌸☀️🌸☀️🌸☀️🌸☀️🌸☀️
САМИМИТАРИН САЛОМ НИСОРАТОН АЗИЗОН !
БО УМЕДИ ТУЛӮИ ОФТОБИ ЗАРРИНРАГИ СУБҲИ ИМРУЗА , КИ БА ҚАЛБҲОИ ҲАМАГОН ГАРМИИ МЕҲР БУБАХШАД , СУБҲАТОНРО БА ХАЙР МЕГУЯМ !
☀️🌸☀️🌸☀️🌸☀️🌸☀️🌸☀️🌸☀️🌸☀️🌸...

Комментарии