НОУМЕДӢ

"-Агар ҳами Расия намешид мо тоҷико мемурдем ай гушнагира"
Бовар дорам чашми бисёре аз азизон ҳамин навиштаро хондаасту гӯши бисёре аз дӯстон ҳамин ҳарфҳоро шунидааст. Ин тоифа аз куҷо ин ҳарфи ғайбро мегӯянд? ки ба онҳо аз китоби пӯшидаи пеши Худо чунин суханонро овард дар ҳайрат мемонӣ! Албата хонандаи азиз яқин медонад, ки гуфтани ин сухан куфр аст ва соҳиби ин ҳарфҳо ноумед аст мисли Иблис аз раҳмати Худо.
Бинед дар Қуръони карим дар сураи Бақара ояти 268 Аллоҳ чи зебо баён мекунад:
"Шайтон шуморо аз бенавоӣ метарсонад ва ба корҳои зишт вомедорад дар ҳоле, ки Худо шуморо ба омӯрзиши хеш ва афзунӣ ваъда медиҳад. Худо кушоишдиҳанда ва доност"
Бешак ҳамин иблис аст, ки васвос мекунад ба ин тоифа, ки агар ҳамин Русия набошад шумо дигар бекор мемонед ва аз гуруснагӣ мемиред. Гӯё дар дунё танҳо ҳамин халқи Осиёи Миёна бошад, ки рузиашонро Русия мерасонад ва дигар ҳалқҳо доранд аз гуруснагӣ мемиранд.
Воқеан шумо ба ҳамин боваред, ки имрӯз агар кули мардуми тоҷикро аз заминашон бадарға кунанд тамом, мо мардуми тоҷик ҳалок мешавем? Куҷо шуд пас имони ба Худо? Пас ибодатҳои шумо барои чист? Сифати Розиқии Парвардигор чи мешавад?
Ба ривояти ибни Масъуд разияллоҳу анҳу аз Паёмбари гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ки имом Бухорӣ раҳимуллоҳ дар Саҳеҳи худ зери рақами 3208,ва имом Муслим дар Саҳеҳи хеш зери рақами 2643 меорад:... Ва фариштае равон карда мешавад ва ба ҷанин рӯҳ медамад ва амр мешавад чаҳор чизро бинависад:ризқашро, мӯҳлати зистанашро, аъмолашро, ва хушбахт ва бадбахт буданашро"
Алакай шумо чаҳор моҳ доштед дар батни модар Худо ризқи шумо китобат кардааст, натарсед. Шуморо аз Русия ронанд агар Худо канда намекунад рӯзии шуморо.
Ҳаргиз ноумед нашавед аз раҳматаш, ки ноумед аз раҳмати Ӯ танҳо иблис аст бас. Ноумедӣ низ аз гуноҳони бузург аст. То имрӯз бобову бобокалони шумо дар замини падарии худ зиндагӣ карданд, намурданд аз гуруснагӣ ку, шумо ба дунё оварданд. Ҳамин ёдрас намешавад бароятон. Боз чӣ далеле мехоҳед?
Пурсед ҳамон ҷавононе, ки чанд сол қабл бадарға шуданд ба Тоҷикистон оё аз гуруснагӣ ҳалок шудаанд ё дар қайди ҳаётанд ҳанӯз?
Ризқу рӯзиро аз Худо бинед на аз Русия.
Аллоҳ таъоло ба шумо рӯзӣ медиҳад на русҳо.
Чаро ин қадар даст поин кардеду тавакалро ба Худо намесупоред? Оре, мушкил аст ҳаёт, сахт аст зиндагӣ, пастиву баландиҳои зиёд дорад, чун дунё барои мо василаи озмоишу имтиҳон аст,аммо ризқу насибаро аз Худо бинед, ки Ӯ рӯзирасони тамоми махлуқоти хеш аст.
Насими Раҳим ✍️

Комментарии

  • 3 мая 23:39
    Муҳтарам Инсон Шаҳрванд !!!!!!
    Боз як бори дигар такрор ба такрор мегуям ки авало ман ва ҳамсарам аз соли 1992 то соли 1996 дар муҳоҷирати меҳнатӣ.дар Русия дар кишвари Краснодар қарор доштем
    Дар Душанбе фврзандонамон калониаш ҳамагӣ.17 ва хурдиашро хешовандон ва ҳамсояҳо дустон саробонӣ.карданл.
    Албата чанд.мудате ба Душанбе омада.онҳоро.бо пул хурока таъмин мекардем
    Дар Душанбе кор он тараф истад.ҳато пули милӣ вуҷул надошт ки истеҳсолот.ва иқтисодиет чарх занал.
    Болокории он намояндагони Фронти халқи руирост СССРо баарқарор мекунем гуфта рафтори бангиенаро пеша.карданд.
    Аслан ана ҳамин омили бад сабабгори муҳоҷирати омавӣ.шуд.зёро.бо илати кучбандии мардум истеҳсолот касод.шуд.
    Дар натиҷа молу колои даркорӣ.аз Қашгари Хитой ворид.шуда пули Росия бозоро чархонда буд.
    Баъдан худи мақому мансабдорони ноомил корношоям шиори ома фиреби * муҳоҷират дар тамоми дуне ҳаст * ва равед.ба пеши шарики стратегӣ.баъдан хуб.мешавад гуфта домани мардумро бо чормагзи пуч карданд.
    Дар натиҷа истеҳсолот ва иқтисодиет касод.шуда мардикори гурбатзада сармогузори буҷаи давлатӣ мақому мансабдорони маошхур ба ҷои саноатсозӣ.ва равнақи деҳот ба марширрфка рақсу бозӣ.суруду таронахонӣ.дода шуданд
    Ягона даромади асомии мардум аз.гурбат шуд на кору бори фоиданок аз Тоҷикистон
    Ризқу рузӣ.бо меҳнати ҳалол дар Кураи Арз.е Сурае ҳам ба даст меояд.ки бо мадади Аллоҳ.иншо Аллоҳ.ба вуҷуд меояд.
    Дар сурате ки ташкили истеҳсолот ва сиесати равшан ва омафаҳми пешравии саноат истесолоти ниези мардум агросаноатӣ.вуҷуд надорад пас мардикори бечораи гурбатзада аз.ночорӣ.ва нотавони он мулки бегонаро макони ризқу рузӣ.мехонад.
  • 4 мая 01:07
    Албатта Оллох бахшанда ва кушоянда аст,лекин хамин хел чавонон аз илми дуньяви дур шудан гиранд Оллох ба насли ояндаи мо ба гайр аз гуломи чизи дигаре намедихад!!!
  • 4 мая 01:43
    Хамдиерони азиз!Шарху эзоххои Шумоени азизро хонда хам хандаю хам гирьяи одам меояд.Шукри Худованд мусулмон хастем.Фармудаанд :"Бо умеди Пайгамбар нашуда, буттаро махкам кап(дор).Банда 67сола хастам.Аз соли 1987бо 4фарзандам мукими доимии Руссия хастем.12сол дар шахри Ангарск (Иркутск),пас Карелия,Курган зиндаги кардем.15 соли охир мукими доимии ш.Тюмень хастем.Шукри Худо сохиби 13набера хастам.Хамаи фарзандонам сохиби квартираю котедж хастанд.Як духтарам сохиби З квартираю коттедж аст.хама бо мехнати халол зиндаги дорем.Банда соли 1980факультаи филологияи руси УДТ ба номи Ленинро хатм карда 21сол дар зодгохам омузгори кардаам.Фармудаанд:"Не плюй в колодец, откуда воду пьешь."("Ба чохе ки об менуши, туф макун"-)Руссия бузургтарин давлати дунье буда сохиби сарватхои бепоен АСТ.Конун риоя карда мешавад.На ин ки як чавон ба хорича гурехта равад падару модараша хабс карда шинанд.Дар Точикистон кани кору маоши арзанда? Рахмат ба Руссияик бузург рахмат ба Путин ки ба миллионхо точикон кору маош медихад.Саломат бошетон!Гапро кам карда кор кунетон!
  • 4 мая 05:25
    Муҳтарам Довуд Назаров Инсрн Шаҳрванд.ки ба чоплусӣ.ру овардӣ.!!!!
    Солҳои 1987 то соли 1989,дар ҳайти ПМК 9 трести Душанбеводстрой кор карда борҳо дар сафари корӣ ( командиррвка ) дар тунели оберии Дангара хонаҳои истиқоматӣ дар Саргазони лақайнишин ва муҳоҷирони Чорсадаи Комсомолобод.иншоотҳои оберӣ.гидраншинонӣ.машгул будам
    Он вақтҳо ҳато гумон надоштам ки ҳаамин Пешвои имруза як раиси хоҷагии деҳқонӣ.сарвари давлат мешавад.ки борҳо салому алейк будам
    Амо бо илати он кипули милиро ҷорӣ накарданд.вв дигар ҷумҳуриҳо.пул купон ва пули милиро ҷорӣ карданд.мардуми водии Ҳисор говҳои худро ба шаҳрвандони Узбакистон фурухтанд
    Баъдан аз ночорӣ.ру ба муҳоҷипат оварланл ки Русия буд ва ин муҳоҷирати омавӣ барои ризқу рузӣ.иқтисоди Трҷикистонрр чарзонд.
    На саноати худи на хоҷагии қишлоқ на чизи дигар танҳо савдои колои дигарон (,чайқов бозор ),пулҳо ва асъори бегрнам
    Ед дорам Душанбеи онрузаро ва дар ҳар сари қадам бозору бозорчаҳо заводу фабрикаҳот сохтмонҳои аз кор монда
    Мушоҷирати омавӣ барои дарефти риҳқу рузӣ ки то ҳануз вуҷуд дорад
    Ба ҷои саноатсозии моли ниези мардум илму махрифат саводнркии умум ривоҷу равнақи дупула кори хароҷотнок марширофка рақсу бозиҳои шайтонӣ тамоми кушишу гайрат ба мубориза зиди ришу сатру ҳиҷоб.сарфа шуд.
    Боварии комил дорам ки тоҷикони шариф на ин ки як Рогун балки дигар неругоҳ.дар руди Панҷи мавзеи Дашти Ҷум роҳсозии оҳанро ба ҷониби халиҷи Форс ки роҳи алтенатив аст иншо Аллоҳ қодир аст
    Бе роҳои оҳани алтернативи ва неругоҳои азими энергетикӣ.бо ҷои кор таъмин кардан амри маҳол.аст
    Ин шукрона гуии Шумо ба дарди имрузаи авзои ҷомеа марҳам намебахшад.ва роҳ ба пешравӣ.нест
    Шукрон гуӣ.низ вақту соат дошта амо модом бо ин усул вақтро аз.даст додӣ.нақдро аз даст медиҳӣ.
    Бо пулҳои фиристодаи мардикорони гурбатзадаи имруза олам гулистон намешавад.то замоне Ватанро ҳама бо.меҳнати ҳалол обод накунем ва заҳмат накашем
    Модом ки хари ҳангӣ бигузад.ва 1992 ---- 1996 едоварӣ кунем ҳолу аҳвол хуб.намешавал бояд.ки коре карда аз.мардикорӣ.ба.гурбат даст бикашем
  • 4 мая 10:01
    Бародар Имшооллох Рузе мерасад мо аз дигар давлатхои ки нисбати моен бад гуфтор мебошанд хубу бехтар мешавем кунун фаромуш накунед ки хеч касро бе мехнату бе мехрубони ва дастгирие яг дигар бо зебои сохтан мушкиласт Амо мо мардум бояд хамеша Шукур гуем ба суи Оллох ки холики тамоми дунё аст боз шукр гуем кии Далат дорем ободии Давлат хам вобаста бо мардумон аст мо хар кучое ки бошем хамеша бо фикри ватан ва ободии ватан бошем шукр гуем ки пешвои хубу бехтарин дорем
  • 4 мая 10:26
    То замоне ки шумо Сухан мегуйед 92.96 Ман на он Кадар кудак хастам ки чизеро нафахмам . бародар шумо аз сатр Сухан кардаед сабаб чист манд кардани хукумат чунки занони точикистон барои Ман модар амо шумо фаромуш накунед кии замоне фоиша бо сатри мусалмони ифлоси мекунад бо ин чи Сухан мегуед . нисбати риш Сухан мегуем ришро бар мардуми мусалмон ва бо емон зебу зинат дорад на бар хар кассе ки ба фоиша гари ё ин ки худ намоии бародар Ман шахрванди точикистон хастам аз Шахри Вахдат амо Алхамдуллях мо хам сохиби зарае илм хастем агар чи шумо аз барк мепурсен чаро тамоми мардум бо худ суол намекунед 8 Сол дар мадрасаи Хазрати Юсуф Аллах Салом будум бо бо дигарон суол мекадем амо хеч кас бо пураги Сухан гуфта намтавонад шумо аз кадом барк Сухан мегуе д ?
  • 4 мая 10:32
    Хамоне ки шумо дидаед ки пешвои милат шудаст Ин бо хуками Оллох дар ин чой нишастаас Оллох бо ин мард насиб гардонидааст Он чизеро ки Оллох хост бандагонаш бояд шукр гуйяд хеч гохе хасус нахуред Оллох нигох дорад хамаи шуморо ки бо якдигар кинаву гурбат накунед
  • 4 мая 11:12
    Шахрванд Инсони хуб.!!!!
    Фарзандии калони банда омузгори мактаби талабаҳои душвор тарбия аст ки босатру ҳиҷоб дар қаламрави Русия мегардад ва фарзанлонаш яке муҳандис дигаре мақмори давлатии Русия дар Москва аст
    Инро барои он мегуям ки тарзи либос пушӣ.бигузор сатр ҳрҷоб.е руймол сари луч пироҳан е куни лучи пушидаи курта ин интихоби ҳар инсон шаҳрванд аст
    Шумо набояд фаромуш кунед.ки инсон шаҳрванд ҳақу ҳуқуқи дахлнопазирӣ.доранд зеро интихобкунанда буда.аз.ҳисоби андоз.мақомдорон аз он ҷумла.Пешво маошхур аст
    Ҳамин банда Паямбарон Маркс ришдор Ленин Калинин бузриш.буданд.
    Баъдан чӣ. ?
    Чаро мақому мансабдорон ба.сатр ҳиҷоб риш ҳато идгардак ва гайра.кордор.мешаванд.
    Чаро.мардумро муҳоҷиркарда бо ҷои кор таъмин намекнанд.?,
    Ин чӣ намуди шиор партоӣ.аст ки сурул.бошал.рақс бо чораиниҳои фарҳангӣ.бошад
    Пас канӣ он чорабиниҳои бо кор таъминкунӣ.ва аз ин ҳисоб.гани кардани буҷаи давлатӣ?
  • 4 мая 11:32
    Инсон Шаҳрванд Довудҷон !!!!!
    Шуморо касе масъулият надодааст ки Фатво диҳед ва номи Аллоҳ сухане ронед ки ин кору бори Паямбарон Худованд аст
    Ягон шоҳ император султон амир Пешво е Доҳӣ е наузанбилоҳ на ин сояи Худо ва бо амри У иртиботе надоранд
    Амирон султонҳо бо тарзи гуногун соҳиби давлат шуланду рафтанл
    Раиси ҷумҳури имрузаи Тоҷикистрнро мардум ба тариқи райъдиҳӣ.(овоздиҳӣ ) интихоб.шуд ООН низ пазируфт
    Пас чаро Шумо Худовандро ба ин кору бори дунявӣ шарик мекунед.?
    Аз газаби Худованд.тарсед шаҳрвнд.!
    Зеро ҳақу ҳуқуқи Худованд ва.бандааш Инсон вуҷуд дорад.
  • 4 мая 12:16
    Ба гуфтаҳои Шумо мувофиқам !!!!
    Амо ҳамин чоплусон ва лаганбардорони имруза ҳайронам ки Қонуни Дунявичтро ба.Қонуни Худованд баробар мекунанд.
    Муҳтарам !!!!!
    Банда набераи амалдори амир мангити Бузорои шарифам
    Боре падари марҳумам иштирокчии ҷан омузгор аз он таърих ҳикоят карда аз боби * Сояи Худо * будани амир мангит гуфта буд.
    Амо мардуми ба чоплусӣ. ва лаганбардорӣ.дода.шуда * Подшоҳи Олам султони бокарам * ҳам мегуфтанд
    Чӣ.хеле мебинем дар ҳар вақту замон низ хушомагуен мадоҳон вуҷуд.доштааст ва фантазияи эшон дар сатҳи олӣ.будааст
    Ба мақомдоре кардам хушомад.аз ин корам бар У хушомад.
  • 4 мая 19:12
    Бародар мо мувофикем бар ин сухани шумо хар кассе мохохад барояш худ интихоб мекунад!
  • 4 мая 19:19
    Бародар Ман бо хеч касе фатво надодаам ва хато накунед вакти Сухан гуфтан Ва боз сухани Ман ин гуна ки холате хар коре ва хар чизе ки мо анчом медихем ин бо ризогии Хак Субхоналлоху ва Тооллох БИСМИЛЛОХИ РАХМАНУ РАХИМ гуфта анчом медихем бародар Ман бо шумо ехтиромона Сухан гуфтаистодаам бародар Боз мегум ки хамаи Моро ОЛЛОХ ХИДОЙЯТ КУНАД
  • 4 мая 19:30
    Бародар шумо чоплус мегуйед Ман ин суханро намедонад чист амо Ман хам мухочирам на дар русиа бо чандин давлатхо Сафар кардам ин сухани ки аз барои русхо буд Ман хакро гуфтам ки гар бо дигар давлатхо рави ин гуна бо мардум зулм намекунанд максади Ман чист ки гар кассе ки метавонад бо дигар давлатхо равад кор пайдо кунад то замоне ки бар ватани худамон пайдо шудани кор холо ки дар ватан гумоне камтар аст кор . боз но гуфта намонад баьзе мардум ки бо мухочират мераванд на балки хамаи онхо хунаре Доран ё ин ки маьлумоте доранд !
  • 4 мая 19:59
    Мухтарам Инсон Шахрванд !!!!!
    Магар гуфлторатон ишора кардед Ки Пешво. бо ҳукми Аллоҳ дар ин ҷой нишастааст.Аллоҳ ба ин ин мард насиб гардонида аст
    Он чӣ Аллоҳ хост бандагонаш бояд шукр кунад ин гуфтори таҳтулафзии Шумо аст
    Ин чӣ намуди фатво аст ва Шумо магар аз илми гайб.огоҳ ҳастед ?
    фТгҷикрстони азиз кишвари дунявӣ деократӣ.ҳуқуқбунед аст е теократии динӣ.мазҳабӣ
    Шумо дар кадом асос исбот мекунед ки Аллоҳ ҳатман ба ин Инсон Шаҳрванд.насиби сарварии давлатро додааст
    Пас Шумо фолбин е ҷодугар ҳастед.?,
    Пас ин хароҷот баҳри райдиҳӣ (,оводиҳии пинҳонӣ.),таъсиси комисиюни интихобот хараҷу мараҷи он баҳри чист ?
    Чаро ҳар амалиети демркратиро ба Аллоҳи бенуқсу ниез вобаста мекунед ?
    Ин гуфтаи Шумо магар як намуди фатво нест пас чист ?
  • 7 мая 17:51
    расия.хуни.тоҷика.макида.омад
    и.бо.макисод.ҳамин.расия.намешуд.одамои.тоҷик.европа.мерафтан.
    тарақиётошон.дига.мешуд