Нестам танҳо, Худоям бо ман аст.

Соҳиби аршу самоям бо ман аст.
Дар тамоми лаҳзаҳои сахти умр
Ҳамдаму мушкилкушоям бо ман аст.
Дар раҳи пурпечутоби зиндагӣ
Раҳкушою раҳнамоям бо ман аст.
Ҳар шаби торе, ки меояд ба сар,
Ҳодии субҳи сафоям бо ман аст.
Бевафоям, пеши ӯ шармандаам,
Доимо он бовафоям бо ман аст.
Аз ҷафои зиндагиям бим нест,
Некхоҳи беҷафоям бо ман аст.
Сайри баҳри ин замин хуб асту хуш,
То даме ки нохудоям бо ман аст.
Хаста кай гардам зи бори зиндагӣ?!
Такядору муттакоям бо ман аст.
Қисса дорам он чи мегуяд ба дил,
Қиссагӯйи қиссаҳоям бо ман аст.
Қиссаҳои ман надорад интиҳо,
То замоне, к - ибтидоям бо ман аст... Ғайратҷон Ҳотамӣ

Комментарии

  • 28 апр 17:45
    Офарин , баъди волидон дӯстӣ беминнату бетамаъ танҳо Худост бинобар ин хоҳишҳоямонро аз ӯ танҳо аз Ӯ ҷуё мешавем .