🏔️🏔️🌺🌺🏔️🏔️🌺🌺🏔️🏔️🌺🌺🏔️🏔️🌺

Ҳаргиз нишон надоданд аз кӯи ту касеро ,
Зеро ки роҳи кӯят андар нишон нагунҷад .
Ассалому алайкум....
Субҳатон пурфайз бо ҳузури Худо !
Ё бифармо ба сароям, ё бифармо ба сар оям ,
Ғараз он васли ту бошад,чи ту оӣ, чи ман оям.
В-ар биёӣ диҳамат ҷон, в-ар наоӣ кушадам ғам,
Ман ки боист бимирам, чи биёӣ, чи наоӣ.
Ҷоно ҳадиси зулфат дар остон нагунҷад,
Рамзе зи рози ишқат дар сад забон нагунҷад.
Савдои зулфу холат дар ҳар хаёл нагунҷад.
Андешаи висолат ҷуз дар гумон нагунҷад
Ҳаргиз нишон надоданд аз кӯи ту касеро ,
Зеро ки роҳи кӯят андар нишон нагунҷад .
Оҳе ки ошиқонат, аз ҳалқаи ҷон бароранд,
Ҳам дар замон наояд, ҳам дар макон нагунҷад.
Онҷо ки ошиқонат як дам ҳузур ёбанд,
Дил дар ҳисоб наояд,ҷон дар миён нагунҷад.
Андар замири дилҳо, ганҷе ниҳон намудӣ,
Аз дил агар барояд, дар осмон нагунҷад.
Ба гирди дил ҳамегардӣ, чи хоҳӣ кард, медонам...
Чи хоҳӣ кард дилро хун, рухро зард, медонам.
Яке бозӣ баровардӣ, ки рахти дил ҳамебурдӣ,
Чи хоҳи кард аз ин бозӣ, дигар овард, медонам.
Ба ҳаққи ашки гарми ман, ба ҳаққи оҳи сарди ман
Ки гармам пурс, чун бинӣ, ки гарм аз сард медонам.
Маро дил сӯзаду сина, туро доман, ин фарқ аст.
Ки сӯз аз сӯзу, дуд аз дуду, дард аз дард,медонам
Ба дил гӯям чу мардон сабурӣ кун...
Дилам гӯяд на мардам не зан, гар аз ғам,зи зан то мард, медонам...
Дило чун кард бархезӣ,зи ҳар боде, намегуфтӣ, ки аз мардӣ, баровардан зи дарё гард, медонам.
Ҷоно зи фироқи ту ин меҳнати ҷон то кай !?
Дил дар ғами ишқи ту, расвои ҷаҳон то кай!?
Чун ҷону дилам хун шуд дар дарди фироқи ту
Бар бӯи висоли ту, дил бар сари ҷон, то кай !?
Номад ки он охар, ки аз парда бурун оӣ,
Он рӯи бадон хубӣ,дар парда ниҳон, то кай!?
Дил бурдани муштоқон,аз ғайрати худ то чанд!?
Хун хӯрдану хомӯшӣ з- ин дилшудагон, то кай!?
🌺🏔️🏔️🌺🌺🏔️🏔️🌺🌺🏔️🏔️🌺🌺🏔️🏔️🌺
Субҳ ба хайр
🌺🏔️🏔️🌺🌺🏔️🏔️🌺🌺🏔️🏔️🌺🌺🏔️🏔️🌺

Комментарии