Ҷаҳони ман зи дуои накӯ-т рангин аст, Падар ту бо ман бош!

Ҳаёт бе ту ба дӯшам чи бори сангин аст, Падар ту бо ман бош!
Намешавад нафасе аз машоми ман дохил, раҳо куниям агар,
Ин умр бе ту маро тангу тору вазнин аст,
Падар ту бо ман бош ....!
Набошам огаҳи ҳоли ту гар ба як соат, бувад хаёл пареш,
Шунидани суханонат ба руҳ таскин аст, Падар ту бо ман бош...!
Фақат умеди ҳаёти хушам ту ҳастиву ту, ҷаноби қиблагаҳам,
Маро ҳаёт бидуни ту талху ғамгин аст, Падар ту бо ман бош..!
Ду дасти ман чу мудом аст бо ту даст ба даст, раҳо накун дастам !
Масири зиндагӣ бе ту ғубору чангин аст,
Падар ту бо ман бош...!
Ғайратҷон Ҳотамӣ

Комментарии

Комментариев нет.