ХУДО БУЗУРГУ ШУНАВОСТ!

Доктор Марк як онкологи маъруфе буд. Рӯзе ӯ ба як конфронси муҳиме ба шаҳри дигаре парвоз кард, ки дар он ҷо бояд ба ӯ ҷоизаи соҳаи тиб дода мешуд. Аммо баъди як соати парвоз дар фурудгоҳи ҳамсоя фуруди изтирорӣ ба амал омад. Духтур мошинеро иҷора гирифта, ба самти конфронс раҳсипор шуд.
Пас аз рафтани ӯ, ҳаво бад шуд ва тӯфони шадид оғоз ёфт. Бар асари борони шадид интернет дар навигатор нопадид шуд, ӯ ба самти роҳи нодуруст шуруъ ба ҳаракат кард ва роҳро гум кард. Пас аз ду соати ронандагӣ фаҳмид, ки роҳгум задааст. Ӯ худро гурусна ва хеле хаста ҳис мекард, аз ин рӯ тасмим гирифт, ки ҷое барои қарор гирифтанро ҷустуҷӯ кунад. Нихоят ӯ ба хонаи хурдакаке дучор омад. Дар ҳоле, ки ӯ хеле ноумед шуда буд, аз мошин пойин шуду дарро куфт. Зане дарро боз кард.
Ӯ вазъияташро ба зан фаҳмонд ва аз ӯ хоҳиш кард, ки аз телефонаш истифода барад. Зан ба ӯ гуфт, ки телефон надорад, аммо ӯ метавонад вориди хона шавад ва то беҳтар шудани вазъи ҳаво инҷо интизор бимонад. Табиб, ки хеле гурусна, тар ва хаста шуда буд, пешниҳоди ӯро қабул карда, вориди хона шуд. Зан барои ӯ чойи гарм овард ва гуфт, ки барои намоз хондан меравад. Доктор Марк табассуме кард ва гуфт, ки ӯ танҳо ба меҳнати машаққатбор эътимод дорад.
Духтур сари дастархон нишаста, чой менӯшиду дар партави шамъҳои хира дар паҳлӯи гаҳвора намоз хондани занро тамошо мекард. Табиб фаҳмид, ки ин зан ба кумак ниёз дорад ва чун намозро тамом кард, аз ӯ пурсид:
- Аз Худо маҳз чӣ мехоҳед? Оё шумо фикр мекунед, ки Худо гоҳе дуоҳои шуморо мешунавад? Зан лабханди ғамгине заду гуфт:
-Навзоде, ки дар гаҳвора хоб аст, писари ман аст, ки аз як навъ бемории саратон ранҷ мебарад ва танҳо як табиб ҳаст, номаш Марк, ки метавонад ӯро дармон кунад, аммо ман пуле барои пардохт надорам, илова бар ин, доктор Марк дар шаҳри дигаре зиндагӣ мекунад. Худо ҳанӯз дуъои маро иҷобат накарда аст, аммо медонам, ки ӯ ба ман кӯмак хоҳад кард ... ва ҳеҷ чиз имони маро шикаста наметавонад.
Доктор Марк, ки моту мабҳут шуда буд, ашк рехт. Вай пичиррос зад:
Худо бузург аст!
Ӯ тамоми иттифоқоти имрӯз барояш рух додаро ба ёд овард: нуқс дар ҳавопаймо, борони шадид, ки ба далели он роҳгум зад ва ҳама инҳо ба ин далел иттифоқ уфтод, ки Худованд на танҳо дуъои ин занро иҷобат кард, балки ба ӯ фурсате дод, то аз дунёи модди берун биёяд ва ба мардуми бадбахте кумак кунад, ки чизе ҷуз дуъо надоранд...
Бардошт аз саҳифаи Ибодулло Оқилов

Комментарии