ШАБЕ, КИ АШКҲОЯТ…

Аё яктотарин бону,
Шабе, ки ашкҳоят мечакид аз мижаи маҳтоб,
Шабе, ки мешунид оҳи турову санг мешуд об,
Чу дарё чашмаи ашки туро оғўш мекардам,
Туро, эй Шаҳрзодам, аз тилифун гўш мекардам.
Аё зеботарин бону,
Ту бояд мешудӣ субҳи нахустини ҷаҳони ишқ,
Ва боястӣ, ки номат мубтадои достони ишқ,
Чӣ дунёест ин дунё, ки медузданд бахт аз мо,
Ба як ифрит мебахшанд, бурда тоҷу тахт аз мо.
Аё танҳотарин бону,
Ҳамоно бе ту танҳоям, каси танҳотаринам ман,
Ҳар он қадре, ки биноям, ба ҷуз рўят набинам ман.
Манам он ошиқи танҳотаринат, дўст медорам,
Манам нолоиқи танҳотаринат, дўст медорам.
<< 𝐑𝐨𝐡𝐠𝐮𝐳𝐚𝐫𝐚𝐦 >>

Комментарии

Комментариев нет.