Зиндаги....❤🥀❤

Зиндаги бо печу тобе бигзарад,
Дар назар мисли саробе бигзарад.
Гоҳ талхи талх гардад мисли заҳр,
Лаҳзаи ширину нобе бигзарад.
Зиндагӣ хурсанд созад лаҳзае,
Лек гаҳ дар дида обе бигзарад.
Маст гарди гар бифаҳми ки ҳаёт,
Дар қадаҳ мисли шаробе бигзарад.
Дарк месози ту бедори агар,
Зиндагӣ худ мисли хобе бигзарад.
Гоҳ дар кохи баланду муҳташам ,
Гоҳ дар хони харобе бигзарад.
Пандҳои мисли қанде додаву ,
Мисли як олиҷанобе бигзарад..✍🏻
Зиндаги....❤🥀❤
М..🥀

Комментарии

Комментариев нет.