Уқобе аз гуруснагӣ дар ҳоли мурдан буд ва нафасҳои охиринашро мекашид.

Кулоғу каргас ҳам машғули хӯрдани лошаи гандидаи оҳу буданд.
Ҷуғди доно ва пире ҳам болои шохаи дарахте ба онҳо хира шуда буд.
Кулоғ ва каргас рӯ ба ҷуғд карданду гуфтанд: «Ин уқоби аҳмақро мебинӣ ба хотири ғурури аҳмақонааш ҷон медиҳад?
Агар биёяд ва бо мо ҳам суфра шавад, наҷот пайдо мекунад, ҳолу рӯзашро бубин оё боз ҳам мегӯӣ уқоб султони парандагон аст?
Ҷуғд хитоб ба онон гуфт:
Уқоб на мисли каргасу лошахур аст ва на мисли кулоғи дузд, онҳо уқобанд аз гуруснагӣ муранд хам, аммо асолаташонро ҳеч вақт аз даст нахоҳанд дод аз ЧАШМИ УҚОБ ЧИГУНА ЗИСТАН МУҲИМ АСТ, НА ЧИ ҚАДАР ЗИСТАН....
<<Хирад >>

Комментарии

Комментариев нет.