Хатсайри умр....

Кӯчаву хатсайри холӣ
Шаҳри беодам, дарунаш ғуссаҳо доранд равуо,
Нозири роҳ дардҳоянд, боз медоранд даворо.
Шодиву хурсандии дил тарки манзил кардаанд,
Мушкилоти ишқу ҳастӣ зиндагиро боз мушкил кардаанд.
Сахту душвор аст, вақте дар фурудгоҳи муҳаббат бо ҳаёту маънии он бо азоб падруд гӯӣ.
Чиптаи нокомӣ дар даст охирин пайғоми худро сахт дардолуд гӯӣ.
Меравам аз шаҳри андӯҳ бар диёри гумномӣ,
То намоям дар ғарибиҳо ғуломӣ.
Нуктаи дигар....
Маро маъзур дор.
Бар дили яхзада ошиқ шуданат,
Чашм бар соату маҷмӯи дақоиқ шуданат,
Ба кӯҳу дашти дили мурдаи ман,
Доғи пурдарди шақоиқ шуданат.
Баҳри дилбохтани ту баски сабабгор манам,
Оре, муҷрими дилам, сахт гунаҳгор манам.
2019
АНИСА МАНОНОВА

Комментарии

Комментариев нет.