#Қиссаи_ҳаҷвӣ.

Зане чароғи сеҳрнок ёфт. Онро пок намуд, ҷин берун баромад ва ба ӯ гуфт:
- Оҳҳ хонум Шумо маро аз зиндон озод кардед. Метавони се хоҳишадро гап занӣ ва ман онро иҷро мекунам!
Зан гуфт:
- Албатта? Мегӯям.
Ҷин гуфт:
- Аммо ба як шарт. Ҳар хоҳише ки ту мегуи шавҳарат даҳ баробари онро соҳиб мешавад.
Зан гуфт:
- Ман розӣ. Аввалин хоҳиши ман ин аст мехоҳам миллионер шавам.
Ҷин ба ӯ гуфт:
- Аммо шавҳарат миллиардер мешавад. Ту медони одамро, агар пулаш зиёд шавад дигар мешавад!
Зан гуфт:
- Ман розӣ!
Ҷин гуфт:
- Хохиши дуюматро, гап зан?
Зан гуфт:
- Мехоҳам маликаи зебоӣ шавам.
Ҷин гуфт:
- Ба дархости Шумо ҷавоб дода шуд. Аммо чи тавре ки худат медонӣ, шавҳарат аз ту даҳ маротиба зеботар мешавад ва медони, ки чашмонаш зебо мешаванд!
Зан гуфт:
- Ҳеҷ гап нест, ман розӣ!
Ҷин бо хушҳолии гуфт:
- Дарвоқеъ, Шумо як зани хуб ва намунаи беҳтарин ҳастед! Хоҳиши сеюм ва охирини худро гап зан.
Зан гуфт:
- Мехоҳам, ки маро хеле оҳиста бизанӣ.
Албатта шавҳараш 10 баробари зарбаро чашид ва 3 руз дар кома рафт дар охир вафот кард.
Ҳама миллиардҳо ба зани миллионер ба мерос монд...
Пас аз ин ҳодиса ҷин аз дасти зан тарсид зуд дохили чароғ шуд ва то ҳоло ба худ наомадааст...
****?
Таҳияи Саид Назаров

Комментарии