ДУБАЙТИҲО

Зи сад ошиқ дуо дорад дили ман,
Зи сад ориф сано дорад дили ман.
Ба сони мушти ман хурдаш набинед,
Ҷаҳон дар хеш ҷо дорад дили ман.
☆☆☆☆☆
Агар савдо набошад сар чӣ ҳоҷат,
Агар дунё набошад дар чӣ ҳоҷат.
Ту дил дорӣ, валекин сарду бедард,
Дили беишқу беахгар чӣ ҳоҷат.
☆☆☆☆☆
Агар дар дил набошӣ, дар забонӣ,
Агар оқил набошӣ, шодмонӣ.
Агар боре зи ғам хандида бошӣ,
Ту дарди хандаҳои ман бидонӣ.
☆☆☆☆☆
Ба боғи ғам гули савсан нарӯяд,
Ба сӯзи нав ба ҷуз шеван нарӯяд.
Ба марзи барфбоди номуродӣ,
Гарам доне фитад, бе ман нарӯяд.
☆☆☆☆☆
Зи худ пеши Худо бояд гиристан
Хамӯшу бесадо бояд гиристан.
Барои мурдаҳо ашкам намонда,
Барои зиндаҳо бояд гиристан.
☆☆☆☆☆
Ҳар лаҳзаи умри худ ғанимат донам,
Дилгармии хеш аз муҳаббат донам.
Гуянд,ки ашки духтарон арзон аст,
Ман қатраи ашки хеш қиммат донам.
☆☆☆☆☆
Шукронаи ошиқона боз омаданат,
Шамсонаву орифона боз омаданат.
Бе ишқи ту шеъри ман шиор аст, шиор,
Шукронаи аз фасона боз омаданат.
Гулрухсор САФИЕВА

Комментарии

Комментариев нет.