☀️❤️☀️❤️☀️❤️☀️❤️☀️❤️☀️❤️☀️🌹

Меҳрабонтаринам !....
Эй висолат орзуи ошиқон....
В-эй хаёлат пеши рӯи ошиқон.
Ҳар куҷо кардам назар болову паст...
Ҷилвае аз рӯи зебои ту ҳаст .
Хирқапӯшон маҳви дидори туанд...
Боданӯшон масти дидори туанд .
Ҳам бувад дар ҳар диле маъвои ту...
Ҳам бувад дар ҳар саре савдои ту .
Ҳарфе аз асрори ишқам ёд деҳ....
Ҳам бисӯзон ҳам маро бар бод деҳ !
🌸▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️🌸
Бор илоҳо !...
Аз кӯи ту берун нашавад пои хаёлам ...
Накунад фарқ ба ҳолам, чи биронӣ, чи бихонӣ.
Чи ба авҷам бирасонӣ, чи ба хокам бинишонӣ ,
На ман онам, ки биранҷам, на ту онӣ ки биронӣ.
На ман онам ки зи файзи нигаҳат чашм бипӯшам
На ту онӣ, ки гадоро нанавозӣ ба нигоҳе...
Дар агар боз нагардад, наравам боз ба ҷое ,
Пушти девор нишинам, чу гадо бар сари роҳе.
Кас ба ғайр аз ту нахоҳам ё Раб чи бихоҳи чи нахоҳӣ
Боз кун дар ки ҷуз ин хона маро нест паноҳе...
Ассалому алайкум....
Бигзор одамҳо то метавонанд санг бошанд...
Муҳим ин аст, ки ту аз нажоди чашмаӣ, пас ҷорӣ бош !
Иҷоза надеҳ сангҳо монеъи ҳаракати ту шаванд.
Онҳоро бо навозишҳоят зара-зара хурд кун ва аз рӯи онҳо бо лабханд убур кун !
🌸▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️🌸
Шамси Табрезӣ гуфтааст :
Ба ҷои муқовимат дар баробари тағире, ки Худо бароят рақам задаст таслим шав !
Бигзор зиндагӣ бо ту ҷараён ёбад , на бе ту !
Нигарони ин набош, ки зиндагият зеру рӯ шавад...
Аз куҷо маълум зери зиндагият беҳтар аз рӯяш набошад ?
🏺🏺🌹☘️🌹🏺🌹☘️🌹🏺🌹☘️🌹🏺🏺
Ба гумонам фалсафаи хилқат асирист .
Асир меоваранду асир мебаранд...
Дар ишқ асирию, бе ишқ ...
Озодӣ фақат исми майдонҳои мост,
Номи махфияш асорат аст.
Фақат кофист лаҳзае дилат , барои падари мурдаат танг шавад.
Он вақт мефаҳмӣ, ки ҷисм чи зиндони маҳибест.
🏺🏺🌹☘️🌹🏺🌹☘️🌹🏺🌹☘️🏺🏺
Бо нигоҳи тозае чашми дилатро боз кун ,
Васлате бо ишқи Ҳақ то интиҳо оғоз кун .
Чашмҳоятро ба рӯи ишқи бефардо бибанд ,
Ру ба чашмони Худои меҳрубониҳо биханд .
Субҳатон ба хайр !
🏔️⛅🏔️⛅🏔️⛅🏔️⛅🏔️⛅🏔️⛅🏔️⛅

Комментарии