Ман иншаб аз Худои хеш ,

Аз арши Кибриёи хеш
Сихатманди талаб дорам ,
Ба Модарчони беморам.
Худовандо маёзораш ,
Ба дасти дард маспораш.
Ба куйи ғусса магзораш.
Макун хораш, макун хораш.
Худои поки ман бишнав ,
Танини илтичоямро.
Барои иззати Модар ,
Иҷобат кун дуоямро.
Миёни ин хама шабхо ,
Барояш машъал афрузам.
Дар оташгохи дардаш ман ,
Шабеҳи чун месузам.
Ман иншаб аз барои Ӯ ,
Раҳи рушноӣ мекобам,
Ниҳода , сар ба зонуяш ,
Намехобам , намехобам.
Худои поки ман бишнав ,
Танини илтиҷоямро.
Барои иззати Модар ,
Иҷобат кун дуоямро.
Худоё илтиҷо дорам ,
Магир аз ман умедамро...
Магир аз боғи чашмонам.
Гули чодарсапедамро .
Гули чодарсапеди ман,
Ҷиллои ахтарӣ дорад.
Дар ин дунё , ки яктоаст ,
Зи дунё бартари дорад....(?)
Дар ин рӯзҳо , ки Модарҷони ман ҳам бемор ҳастанду бо дард даст ба гиребонанд , ман ин шеърро бо оби дида хондаму ба Шумо пешниҳод кардам....
Ва аз Шумои азиз хоҳиши дасти дуои дастаҷамъона дорам....
Дар ин рузҳо дасти маро танҳо нагузореду бо ман дасти дуо бардоред , то ба Худованд бирасаду ба Модарҷони ман шифои оҷилу комил бидиҳанд....😢😢
Ва Омин гардонад , он дастҳои бардошаву дуоҳои холисонаву самимии Шуморо....🙏🙏

Ман иншаб аз Худои хеш , - 971574252112
Ман иншаб аз Худои хеш , - 971574253648

Комментарии