Мазраъи сабзи фалак дидаму доси маҳи нав,Ёдам аз киштаи хеш омаду ҳангоми дарав.Гуфтам: «Эй бахт бихуспидиву хуршед дамид,»Гуфт: «Бо ин ҳама аз собиқа навмед машав!»🏔️☀️🏔️☀️🏔️☀️🏔️☀️🏔️☀️🏔️☀️🏔️☀️🏔️☀️🏔️Арзи салому иродат дорам, ба шумо азизоне ки... Дар ин оина, амвоҷи меҳр дидаед ва як сар задаед, ки субҳу шом ба хайр барои ҳамдигар бигзоред, албатта ҳузуратон марҳабост!Суханҳои ботамкину нек, ба инсон ҳусни иловагӣ зам мекунад ва инсонро дар лаҳза шод ва дар соатҳо ғарқа дар тароват нигаҳ медорад, аз ин ру, бошад субҳе ба хайр ва кулли рӯз дилнишин бигзарад ва хотироти ширине ва ҳолу ҳавои хубе барчида бошед !. ▪️▪️▪️🏔️☀️🏔️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️Масти диҳу ҳастӣ деҳ,эй ғамзаи хаммора,Ту дилбару устодӣ,мо ошиқу инкора.Мо бар сари ҳар пушта,гумкарда сари ришта,Бечораи ту гашта, ту чораи бечора.🤲🍁🍁🍁🏺🌿🏺🌴🌴🌴🌴🌴🏺🌿🏺🍁🍁🍁Офаринише, саршор аз шуру шукӯҳ...Парваронид бо дастони пурмеҳр...Ва бахшид аз ганҷинаи бикр...На фикре, ба фикраташ тавонад расидан...Ва на руҳе ба роҳаташ роҳ ёфтан.Ва "ишқ", ҳамон бунёди хилқат шуд ва масири махлуқ.Маънои ранҷи модар ва сахтии падар ва масири васли ошиқ шуд; Ба дили маъшуқ.Ва таҷаллӣ ёфт дар висол.Он лаҳза, ки ошиқ маъшуқро....Ва Холиқ махлуқро, дар оғӯш кашид, таскин ёфт ҷон...Ва ҳувайдо шуд ниҳон.Дар он дам ба ёд ор, аз халқу ишқ, то васли ёр.▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️Дар ин рӯзгор, ки мо беш аз ҳар чиз, ба «умеду имон» эҳтиёҷ дорем:Магузор ноумедӣ равзане ба андозаи сари сӯзане, дар қалбат пайдо кунад....Ва аз онҷо ҳуҷум биёварад.Умедро барои рӯзҳои бад сохтаанд-чароғро барои торикӣ.Инсон агар бо машаққату дарду мусибат ру ба ру намешуд, на ба чизе имон меовард,на ба ояндае дил мебаст ва на аз умед силоҳе месохт, ба пойдории кӯҳ !....▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️Боз гардад оқибат ин дар?БалеРух кушояд ёри симинбар?БалеСоқии мо ёди ин мастон кунад,Бори дигар бо ману соғар?БалеНавбаҳори ҳусн ояд суи боғ?Бишкуфад он шохаҳои тар?БалеИн сари махмури андешапараст,Маст гардад з-он маи аҳмар?БалеМан хамӯш кардам валекин дар дилам,То абад руяд наю шакар?Бале.▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️Ҳама умр бар надорам сар аз ин хумори мастӣ,Ки ҳанӯз ман набудам, ки ту дар дилам нишастӣ.Ту на мисли офтобӣ ки ҳузурат ғайбат афтад,Дигарон раванду оянд, ту ҳамчунон, ки ҳастӣ.Ба дилам ғубори дунё, ба сарам ҳавост, аммо,Чи кунам, ки барнадорам,сар аз ин хумори мастӣ🌺▪️▪️▪️🏺🌹🏺▪️▪️▪️🌺Субҳ ба хайр 🖊️🌺▪️▪️▪️🏺🌹🏺▪️▪️▪️🌺
🌹🍃ОИНАИ ЗИНДАГИ БО НАСРИН🍃🌹
🏺🌹🏺🌴🌴🌴🌴🪟☀️🪟🌴🌴🌴🌴🏺🌹🏺
Мазраъи сабзи фалак дидаму доси маҳи нав,
Ёдам аз киштаи хеш омаду ҳангоми дарав.
Гуфтам: «Эй бахт бихуспидиву хуршед дамид,»
Гуфт: «Бо ин ҳама аз собиқа навмед машав!»
🏔️☀️🏔️☀️🏔️☀️🏔️☀️🏔️☀️🏔️☀️🏔️☀️🏔️☀️🏔️
Арзи салому иродат дорам, ба шумо азизоне ки... Дар ин оина, амвоҷи меҳр дидаед ва як сар задаед, ки субҳу шом ба хайр барои ҳамдигар бигзоред, албатта ҳузуратон марҳабост!
Суханҳои ботамкину нек, ба инсон ҳусни иловагӣ зам мекунад ва инсонро дар лаҳза шод ва дар соатҳо ғарқа дар тароват нигаҳ медорад, аз ин ру, бошад субҳе ба хайр ва кулли рӯз дилнишин бигзарад ва хотироти ширине ва ҳолу ҳавои хубе барчида бошед !
. ▪️▪️▪️🏔️☀️🏔️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️
Масти диҳу ҳастӣ деҳ,эй ғамзаи хаммора,
Ту дилбару устодӣ,мо ошиқу инкора.
Мо бар сари ҳар пушта,гумкарда сари ришта,
Бечораи ту гашта, ту чораи бечора.🤲
🍁🍁🍁🏺🌿🏺🌴🌴🌴🌴🌴🏺🌿🏺🍁🍁🍁
Офаринише, саршор аз шуру шукӯҳ...
Парваронид бо дастони пурмеҳр...
Ва бахшид аз ганҷинаи бикр...
На фикре, ба фикраташ тавонад расидан...
Ва на руҳе ба роҳаташ роҳ ёфтан.
Ва "ишқ", ҳамон бунёди хилқат шуд ва масири махлуқ.
Маънои ранҷи модар ва сахтии падар ва масири васли ошиқ шуд; Ба дили маъшуқ.
Ва таҷаллӣ ёфт дар висол.
Он лаҳза, ки ошиқ маъшуқро....
Ва Холиқ махлуқро, дар оғӯш кашид, таскин ёфт ҷон...
Ва ҳувайдо шуд ниҳон.
Дар он дам ба ёд ор, аз халқу ишқ, то васли ёр.
▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️
Дар ин рӯзгор, ки мо беш аз ҳар чиз, ба «умеду имон» эҳтиёҷ дорем:
Магузор ноумедӣ равзане ба андозаи сари сӯзане, дар қалбат пайдо кунад....
Ва аз онҷо ҳуҷум биёварад.
Умедро барои рӯзҳои бад сохтаанд-чароғро барои торикӣ.
Инсон агар бо машаққату дарду мусибат ру ба ру намешуд, на ба чизе имон меовард,на ба ояндае дил мебаст ва на аз умед силоҳе месохт, ба пойдории кӯҳ !....
▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️
Боз гардад оқибат ин дар?
Бале
Рух кушояд ёри симинбар?
Бале
Соқии мо ёди ин мастон кунад,
Бори дигар бо ману соғар?
Бале
Навбаҳори ҳусн ояд суи боғ?
Бишкуфад он шохаҳои тар?
Бале
Ин сари махмури андешапараст,
Маст гардад з-он маи аҳмар?
Бале
Ман хамӯш кардам валекин дар дилам,
То абад руяд наю шакар?
Бале.
▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️▪️
Ҳама умр бар надорам сар аз ин хумори мастӣ,
Ки ҳанӯз ман набудам, ки ту дар дилам нишастӣ.
Ту на мисли офтобӣ ки ҳузурат ғайбат афтад,
Дигарон раванду оянд, ту ҳамчунон, ки ҳастӣ.
Ба дилам ғубори дунё, ба сарам ҳавост, аммо,
Чи кунам, ки барнадорам,сар аз ин хумори мастӣ
🌺▪️▪️▪️🏺🌹🏺▪️▪️▪️🌺
Субҳ ба хайр 🖊️
🌺▪️▪️▪️🏺🌹🏺▪️▪️▪️🌺