Омадам дар дили ин кӯча саломат бикунам,

Ё ба домат бизанам, ё ки ба домат бикунам.
Ҳеҷ як шоха гуле қадри ту зебанда нашуд,
Беҳтар аз гул шудаи, ҳол чӣ номат бикунам?
Эй саропо қадамат гашта пур аз мояи ноз,
Оқибат ман ба чӣ як шевае ромат бикунам?
Нест ҳоҷат ба маю майкадаву соқиву ҷом,
Маст гардам ман агар бӯса зи комат бикунам.
Дӯстат дораму ку вожа дигар беҳтар аз ин,
Ҳисси хубам ту бигӯ, ман чи каломат бикунам?
Қосидак омаду гуфт ҳоли дилам хостаӣ,
Ҳоли дил, хуни ҷигар ман чӣ паёмат бикунам?
Боъис Ҳафизӣ

Омадам дар дили ин кӯча саломат бикунам,  - 974659709776

Комментарии

Комментариев нет.