Чарли Чаплин мегӯяд: "Вақтеки наврас будам, як шаб бо Падарам дар сафи хариди билети сирк истода будем. Дар муқобили мо як хонаводаи серфарзанд қарор доштанд. Ба назар мерасид, ки вазъи молиашон хуб набуд. Шаш тифли муаддаб, ки ҳамагӣ аз 12 сола поин буданд, бо либосҳои куҳна, аммо тамиз пушти ҳам истода буданд. Онҳо дуто - дуто дасти ҳамдмгарро гирифта пушти падару модарашон қарор доштанд ва бо ҳам бо ҳаяҷон оиди барномаҳо ва саҳнаҳое, ки қарор буд доир шаванд, суҳбат мекарданд.Вақтеки навбат ба онҳо расид, масъули билетфурӯшӣ аз падари хонавода пурсид:— Барои шумо чанд билет лозим?Падар гуфт:— Лутфан ду билет барои калонсолон ва шаш билет барои кӯдакон.Масъул қимати билетҳоро ҳисоб кард.Мард ба билетфуруш наздик шуд ва бо ороми аз ӯ пурсид:— Бубахшед, чи миқдор гуфтед?Билетфурӯш дубора нархи билетҳоро иброз кард.Ногаҳон ранг дар рӯйи мард тағйир кард ва бо ноумедӣ нигоҳе ба ҳамсараш андӯхт. Бачаҳо ҳануз мутаваҷҷеҳи мавзӯъ нашуда буданд ва ҳануз саргарми суҳбат оиди саҳнаҳои барнома буданд. Маълум буд, ки мард пули кофи надошт ва намедонист, ки чи кор кунад ва ба бачаҳо, ки бо он алоқаи зиёд мунтазир буданд, чи бигуяд...Ногаҳон Падарам даст ба ҷайбаш бурд ва як 20 долараеро берун кард ва онро ба замин партофт, сипас хам шуду пулро бардошт ва ба шонаи мард заду гуфт:— Бубахшед оқо, ин пул аз ҷайби шумо афтод!Мард, ки дарҳол мавзӯъро дарк карда буд, ашк дар чашмонаш ҳалқа зад ва ба Падарам ташаккур гуфт.Марди шарифе буд, аммо дар он лаҳза барои он, ки назди фарзандон хиҷолат нашавад ва онҳоро ноумед накунад, кӯмаки Падарамро қабул кард.Баъд аз он, ки бачаҳо ҳамроҳи падару модарашон вориди толор шуданд, ману Падарам оҳиста аз саф ҷудо шудем ва ба хона баргаштем. Зеро он 20 долар ҳамаи пули падарам дар он ҳангом буд, ки барои харидани билет бо худ дошт. Ман бошам, дар дилам бо доштани чунин Падаре ифтихор кардам ва он зеботарин тафреҳе буд, ки дар умрам нарафта будам.ЧАРЛИ ЧАПЛИН.
🌹🍃ОИНАИ ЗИНДАГИ БО НАСРИН🍃🌹
САРВАТМАНД ЗИНДАГӢ КАРДАН, БЕҲТАР АЗ САРВАТМАНД МУРДАН ...!
Чарли Чаплин мегӯяд: "Вақтеки наврас будам, як шаб бо Падарам дар сафи хариди билети сирк истода будем. Дар муқобили мо як хонаводаи серфарзанд қарор доштанд. Ба назар мерасид, ки вазъи молиашон хуб набуд. Шаш тифли муаддаб, ки ҳамагӣ аз 12 сола поин буданд, бо либосҳои куҳна, аммо тамиз пушти ҳам истода буданд. Онҳо дуто - дуто дасти ҳамдмгарро гирифта пушти падару модарашон қарор доштанд ва бо ҳам бо ҳаяҷон оиди барномаҳо ва саҳнаҳое, ки қарор буд доир шаванд, суҳбат мекарданд.
Вақтеки навбат ба онҳо расид, масъули билетфурӯшӣ аз падари хонавода пурсид:
— Барои шумо чанд билет лозим?
Падар гуфт:
— Лутфан ду билет барои калонсолон ва шаш билет барои кӯдакон.
Масъул қимати билетҳоро ҳисоб кард.
Мард ба билетфуруш наздик шуд ва бо ороми аз ӯ пурсид:
— Бубахшед, чи миқдор гуфтед?
Билетфурӯш дубора нархи билетҳоро иброз кард.
Ногаҳон ранг дар рӯйи мард тағйир кард ва бо ноумедӣ нигоҳе ба ҳамсараш андӯхт. Бачаҳо ҳануз мутаваҷҷеҳи мавзӯъ нашуда буданд ва ҳануз саргарми суҳбат оиди саҳнаҳои барнома буданд. Маълум буд, ки мард пули кофи надошт ва намедонист, ки чи кор кунад ва ба бачаҳо, ки бо он алоқаи зиёд мунтазир буданд, чи бигуяд...
Ногаҳон Падарам даст ба ҷайбаш бурд ва як 20 долараеро берун кард ва онро ба замин партофт, сипас хам шуду пулро бардошт ва ба шонаи мард заду гуфт:
— Бубахшед оқо, ин пул аз ҷайби шумо афтод!
Мард, ки дарҳол мавзӯъро дарк карда буд, ашк дар чашмонаш ҳалқа зад ва ба Падарам ташаккур гуфт.
Марди шарифе буд, аммо дар он лаҳза барои он, ки назди фарзандон хиҷолат нашавад ва онҳоро ноумед накунад, кӯмаки Падарамро қабул кард.
Баъд аз он, ки бачаҳо ҳамроҳи падару модарашон вориди толор шуданд, ману Падарам оҳиста аз саф ҷудо шудем ва ба хона баргаштем. Зеро он 20 долар ҳамаи пули падарам дар он ҳангом буд, ки барои харидани билет бо худ дошт. Ман бошам, дар дилам бо доштани чунин Падаре ифтихор кардам ва он зеботарин тафреҳе буд, ки дар умрам нарафта будам.
ЧАРЛИ ЧАПЛИН.