Доғи ту дорад ин дилам ҷои дигар намешавад, Дидаи ақл масти ту, чархаи чарх пасти ту, Гӯши тараб ба дасти ту, бе ту ба сар намешавад. Ҷон зи ту ҷӯш мекунад, дил зи ту нӯш мекунад, Ақл хурӯш мекунад, бе ту ба сар намешавад. Хамри ману, хумори ман, боғи ману баҳори ман, Хоби ману, қарори ман, бе ту ба сар намешавад. Ҷоҳу ҷалоли ман туӣ, мулкату моли ман туӣ, Оби зулоли ман туӣ, бе ту ба сар намешавад. Гоҳ сӯи вафо равӣ, гоҳ сӯи ҷафо равӣ, Они манӣ, куҷо равӣ? Бе ту ба сар намешавад. Дил биниҳанд, барканӣ, тавба кунанд, бишканӣ, Ин ҳама ту худ мекунӣ, бе ту ба сар намешавад. Бе ту агар ба сар шудӣ, зери ҷаҳон забар шудӣ, Боғи Ирам сақар шудӣ, бе ту ба сар намешавад. Гар ту сарӣ, қадам шавам, в-ар ту кафӣ, алам шавам, В-ар биравӣ, адам шавам, бе ту ба сар намешавад! Гар ту набошӣ ёри ман, гашт хароб кори ман, Мӯнису ғамгусори ман, бе ту ба сар намешавад. Бе ту на зиндагӣ хушам, бе ту на мурдагӣ хушам, Сар зи ғами ту чун кашам? Бе ту ба сар намешавад! Ҳар чи бигӯям, ай санад, нест ҷудо зи неку бад, Ҳам ту ба лутфи худ бигӯ, бе ту ба сар намешавад. Хоҷаи хоҷагон туӣ, дояи доягон туӣ, Ҷавҳари ин ҷаҳон туӣ, бе ту басар намешавад. Шамси маниву мири ман, мояи ишқу дини ман, Аҳди аласт ба номи туст, бе ту басар намешавад. ✍️....ҶАЛОЛУДДИН БАЛХӢ
🌹🍃ОИНАИ ЗИНДАГИ БО НАСРИН🍃🌹
:🍃 ❀☪ Нαςթนн ☪ 🍃
Бе ҳамагон ба сар шавад, бе ту ба сар намешавад,
Доғи ту дорад ин дилам ҷои дигар намешавад,
Дидаи ақл масти ту, чархаи чарх пасти ту,
Гӯши тараб ба дасти ту, бе ту ба сар намешавад.
Ҷон зи ту ҷӯш мекунад, дил зи ту нӯш мекунад,
Ақл хурӯш мекунад, бе ту ба сар намешавад.
Хамри ману, хумори ман, боғи ману баҳори ман,
Хоби ману, қарори ман, бе ту ба сар намешавад.
Ҷоҳу ҷалоли ман туӣ, мулкату моли ман туӣ,
Оби зулоли ман туӣ, бе ту ба сар намешавад.
Гоҳ сӯи вафо равӣ, гоҳ сӯи ҷафо равӣ,
Они манӣ, куҷо равӣ? Бе ту ба сар намешавад.
Дил биниҳанд, барканӣ, тавба кунанд, бишканӣ,
Ин ҳама ту худ мекунӣ, бе ту ба сар намешавад.
Бе ту агар ба сар шудӣ, зери ҷаҳон забар шудӣ,
Боғи Ирам сақар шудӣ, бе ту ба сар намешавад.
Гар ту сарӣ, қадам шавам, в-ар ту кафӣ, алам шавам,
В-ар биравӣ, адам шавам, бе ту ба сар намешавад!
Гар ту набошӣ ёри ман, гашт хароб кори ман,
Мӯнису ғамгусори ман, бе ту ба сар намешавад.
Бе ту на зиндагӣ хушам, бе ту на мурдагӣ хушам,
Сар зи ғами ту чун кашам? Бе ту ба сар намешавад!
Ҳар чи бигӯям, ай санад, нест ҷудо зи неку бад,
Ҳам ту ба лутфи худ бигӯ, бе ту ба сар намешавад.
Хоҷаи хоҷагон туӣ, дояи доягон туӣ,
Ҷавҳари ин ҷаҳон туӣ, бе ту басар намешавад.
Шамси маниву мири ман, мояи ишқу дини ман,
Аҳди аласт ба номи туст, бе ту басар намешавад.
✍️....ҶАЛОЛУДДИН БАЛХӢ